Маърифати ҳуқуқӣ дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 4 майи соли равон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 конференсияи илмию-амалии якҷояи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ дар таълимоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори он муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т., сардори раёсати такмили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода З., раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П. Т., муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р. А. ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд, инчунин роҳбарияти Донишгоҳ, олимону ҷавонон иштирок ва бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Ҳамчунин дар конференсия оид ба мавзуҳои қобили таваҷҷуҳ саволу ҷавоб доир гардида, аз ҷониби масъулин посухҳои дахлдор дода шуд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу