Иди ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом  дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман , аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ҳоло мо дар остонаи 79 -умин  солгарди ғалабаи бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.

Қудрату тавонии артиши шӯравӣ аз матонату садоқаати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозонаш, ки розӣ буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба руҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама-пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон ҳам тайёр буданд ба ҷанг раванд. Халқи меҳнаткаш бошад баҳри таъмини озуқаворӣ ва сару либоси сарбозон талош меварзиданд. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки  дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум талош меварзиданд. Дар баробари мардон занон низ дар мардонавор бо душман меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хати фронт шоистаи ифтихор ва таҳсин аст.

Ҳамаи ин фидокории ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум  бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Қаҳрамониҳои онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.

Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотири ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ  аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.

Бо ҳамин таманниётҳои нек ба фардои дурахшони Ватани азизу маҳбубамон Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Аминзода С.Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу