Тоҷикона мепӯшем

 Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон    бо мақсади иҷроиши супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2023, №12 ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси  зебои миллӣ, атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ шурӯъ, аз 1 март то 31 майи соли равон аксияи “Тоҷикона мепӯшем”  роҳандозӣ гардидааст ва рӯйхати баргузории аксияи “Тоҷикона мепӯшем” дар боғҳои фароғатию фарҳангӣ бо иштироки занону бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо тартиб дода шудааст.

Бинобарон 2 майи соли 2024 аксияи “Тоҷикона мепӯшем” тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи бойгонӣ, Донишгоҳи фарҳанг ва санъат,  Донишгоҳи байналмиллалӣ ва соҳибкорӣ  дар боғи фарҳангию фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардид.

Мақсади гузаронидани он арҷгузарӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ мебошад. Либоси миллӣ-як пояи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли асрҳо зебогиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо, ки дар ҳама давру замон посдору урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт, пеши назар меояд, зеро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо атласу адрас ва чакан зеби духтари тоҷик буда, ҳар як нақшу нигори вай гуфтании худро дорад ва ба ҳусни зебои тоҷик зебогии дигаре зам мекунад.

Пӯшидани либоси миллӣ ифтихори ҳар як духтар ва зани тоҷик мебошад. Мо фахр мекунем, ки чунин таърихи бойу рангин ва фарҳанги қадима дорем.

Либоси миллӣ-нишони волои зебоӣ ва иффати бонувони тоҷик аст.

 

 

Напечатать страницу Напечатать страницу