Маҷлиси ҳафтаина

Санаи 22 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди олии иқтисодӣ бо роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ва иштироки муовинони раиси суд, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Мирзозода Рустам пеш аз ҳама ба масъалаи иштироки фаъолонаи кормандони дастгоҳ дар дасрҳои забономӯзи, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 таҳти № 795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” аз ҷониби суд дарсҳои омӯзиши забони англисӣ бо ҷалби омузгорони забони англисӣ ба роҳ монда шудааст таъкид намуданд.

Сипас, вобаста дар муҳлатҳои муайянгардидаги қонунгузорӣ ва дар доираи салоҳият баррасӣ намудани парвандаҳо дар ҳамаи зинаҳои судӣ дастур доданд.

Ҳамчунин ба шахсонӣ муттасадӣ вобаста ба қабули Пленумҳои нав ҷиҳати мутобиқ гардонидани он ба замони муосир диққати ҷиддӣ дода шуда, иҷроиши нақшаи кории соли маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, иҷроиши саривақтии бандҳои дахлдори нақшаи кории суд дастурҳои мушаххас дода шуд

Дар аҷом оид ба омода намудани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ ва масъалаи иштироки судяҳо ва кормандон дар семинарҳо таъкид карда шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу