Ватандӯстӣ омили асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳуввияти миллӣ – сармутахассиси Раёсати судҳои СОИ ҶТ Зокирова Нодира

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 5 бобу 21 модда иборат буда, бо мақсади “ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ” дар ниҳоди шаҳрвандон қабул шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҳамзамон барномаҳои давлатӣ, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд, барои тақвияти масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон, ҷиҳати дар тафаккури онҳо эҷод намудани дарки бошуурона ва ҳисси баланди садоқат ба Ватан, хизмати фидокоронаю беғаразона ба халқу Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбубамон, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгонамон мебошад.

Таърихи ташаккули ватандӯстӣ исботи он аст, ки нишонаҳои ин падида дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

Бояд қайд кард, ки дар шароити кунунии ҷаҳони тағйирёбанда ҷавонони кишвари мо низ ҳамчун қисми осебпазир аз равандҳои бегонашавӣ эмин набуда, тамоми шохаҳои ҳокимият дар баробари он эҳсоси масъулият мекунанд. Воқеан тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор меравад. Дарки ин мавзуъ вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилот ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд. Масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои ҷаҳон, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Ба ақидаи мутафаккирони форсу тоҷик сарчашмаи ватандӯстӣ аз ин ҷо оғоз мегардад: “Табиат, падару модар, хешовандон, ватан, одамон калимаҳои тасодуфӣ нестанд. Ин зарур аст, зеро мо падару модар, фарзандон, Ватан, ҷои таваллудро интихоб намекунем”. Баробари ин, бояд қайд кард, ки воқеан мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзуҳои муҳими раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Хизмат дар сафи Артиши миллии кишвар, ҳимояти марзу буми он ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад. Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, шомил шудан ба ин гурӯҳҳоро инкор кардан аст.

Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳими давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд.

Дар шароити таҳдидҳои замони муосир ташаккули ҳисси ватандӯстии ҳар як фарди ҷомеа ба хусус ҷавонон донишу маҳорат ва андешаи миллии онҳо аз омӯзиши илмҳои таърих, забону адабиёт, фалсафа, дин, ахлоқ ва ғайра сарчашма мегирад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Ҷавҳари худшиномии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона ва чӣ дар сарҳад мебошад. Фарзандони худро бояд дар ҳамин руҳия, арҷ гузоштан ба  Ватан тарбия намоем ва садоқати баланди ватандӯстиро дар ниҳоди онҳо бипарварем.

Напечатать страницу Напечатать страницу