Тарзи ташкил ва шаклҳои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) – Ёрдамчии судяи СОИ ҶТ Наҷмуддинзода О

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз тамоми соҳаҳои фаъолият тавассути қонунгузорӣ танзим карда мешаванд, аз ҷумла фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) низ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аз 15 марти соли 2016 танзими худро ёфтааст, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти хоҷагидории мазкур равона шудааст.

Бо назардошти гуфтаи боло бояд қайд кард, ки ин маънои онро надорад, ки қонунгузорӣ фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро аз соли 2016 танзим намудааст, ҳанӯз ин фаъолият аз соли 2009 дар сатҳи қонунгузорӣ танзими худро ёфта буд, ки шаҳодати ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) аз 19 майи соли 2009, №526, ки бо пайдоиши муносибатҳои нав ин қонун аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, набояд хоҷагиҳои деҳқонӣ танҳо ба қонуни мазкур маҳдуд шаванд, зеро тибқи моддаи 2-и ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Пеш аз оне, ки ба таҳлили пурраи мавзӯ гузарам, шаҳр додани ду мафҳумро зарурӣ мешуморам.

Якум хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) чист?

Хоҷагии деҳқонӣ – субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст.

Дуюм аъзои хоҷагии деҳқонӣ чист?

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ танҳо шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳуқуқ доранд.

Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи як нафар ё гурӯҳи шахсони воқеӣ ташкил карда мешаванд, ки доир ба ин дар поён маълумот хоҳем дод.

Айни замон дар бораи додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ, меъёри додани қитъаи замин ва дигар ҳолатҳое маълумот манзур менамоям, ки барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ асосӣ маҳсуб меёбанд.

Бояд қайд кард, ки қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ бо ҳуқуқӣ бегона намудан ё бе ҳуқуқӣ бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода мешавад.

Раиси ноҳия (шаҳр) дар муҳлати 5 рӯз дархостро баррасӣ намуда, барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ба мақомоти замисозии ноҳия (шаҳр) мефиристад.

Мақомоти заминсозии ноҳия дар муҳлати 1 (як) моҳ парвандаи заминсозиро тайёр намуда, онро барои баррасӣ ва қабул намудани қарор ба раиси ноҳия (шаҳр) пешниҳод менамояд.

Парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ҷиҳати ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад:

-аризаи шаҳрванд ба Раиси ноҳия (шаҳр) оид ба ҷудо кардани қитъаи замин;

-санади интихоби қитъаи замин;

-нусха аз нақшаи заминистифодабарӣ бо нишон додани соли нашр, номгӯи нақша, андоза ва рақами тарҳи замин, инчунин сарҳади қитъаи замини ҷудошаванда;

-розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз онҳо қитъаи замин гирифта мешавад;

-маълумоти мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) оид ба саҳми замин (фақат барои хоҷагиҳое, ки аз ҳисоби саҳмгузорон ташкил меёбанд);

-пешниҳоди мақомоти заинсозии ноҳия (шаҳр) ба раиси ноҳияи (шаҳр) оид ба ҷудо кардани қитъаи замин;

-қарори раиси ноҳияи (шаҳр) оид ба ҷудо намудани қитъаи замин;

-нақшаи графикии қитъаи замини ҷудошаванда;

-протокол ва нақшаи гузаронидани сарҳади заминистифодабарӣ дар асл (ҷойгиркунӣ, мустаҳкамкунӣ ва супоридани сарҳад дар маҳал;

Парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо кардани замин ба мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ташхис ва тайёр намудани Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин пешниҳод мегардад.

Бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замин дар мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) сурат гирифта, ба заминистифодабарандаи нав Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.

Ҳамчунин зикр кардан ба маврид аст, ки қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун қоида дар як мавзеъ яклухт дода мешавад.

Дар мавриди аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани узви он ва таъсис додани хоҷагии деҳқонии мустақил, қитъаи замин барои узви мазкур дар асоси саҳми замини ў бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми соли кишоварзӣ дода мешавад. Тартиби мазкур ҳамчунин дар сурати аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани гурўҳи аъзои он ва дар қитъаи замини ҷудокардашуда ташкил намудани хоҷагии мустақили деҳқонӣ ва ё ҳамроҳ шудан ба дигар хоҷагии деҳқонӣ татбиқ карда мешавад.

Хоҷагии деҳқонӣ барои пешбурди фаъолияти худ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова қитъаи заминро ба иҷора ё барои истифодабарии муҳлатнок гирад. Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад.

Қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудан ё бе ҳуқуқӣ бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии он барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқарpaрнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаҳои зерин дода мешаванд:

– аз замини ташкилотҳои азнавташкилшавандаи кишоварзӣ – баробар ба саҳми замине, ки дар ташкилотҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он барои ҳар узв муайян карда шудааст;

– аз фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) – баробар ба саҳми миёнаи муайяншудаи замин дар мавзеи ҷойгиршавии қитъаи замин ба шахси воқеие, ки хоҳиши таъсис додани хоҷагии деҳқониро дорад.

Ҳамчунин маврид ба зикр аст, ки ба хоҷагии деҳқонӣ барои истифодаи муҳлатнок ё ҳамчун иҷора аз ҳисоби заминҳои гурӯҳҳои зерин қитъаи иловагии замин дода мешавад:

– аз гурўҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ – заминҳои нав азхудкардашуда, истифоданашаванда, заминҳои иншооти обёриашон азкормонда ва барои кишт нобоб;

– аз гурўҳи заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқ мебошанд (ба ғайр аз заминҳои ҷангали гурўҳи якум), ҳамчунин аз заминҳои чарогоҳҳо барои чаронидани чорво вобаста ба саршумори он дар хоҷагии деҳқонӣ;

– аз гурўҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин – заминҳое, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқ буда, барои эҳтиёҷоти шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои дигари аҳолинишин муваққатан истифода бурда намешаванд.

Барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои зерин фонди махсуси заминро таъсис медиҳанд:

заминҳое, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ё ба қатори заминҳои камарзиш гузаронида шудаанд;

қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст;

заминҳои захираи давлатӣ;

гурўҳи заминҳое, ки аз рўи таъинот истифода бурда намешаванд;

заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки аз дарахту буттазор холӣ буда, барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;

заминҳои нав азхудкардашуда.

Тартиби пешбининамудаи мазкур ба ҳуқуқи истифодабарандагони заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки ҳуқуқи истифодабарии онҳо бо ҳуқуқи бегона намудан дода шудааст, татбиқ карда намешавад.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил намудани хоҷагии деҳқониро доранд, барои гирифтани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ариза медиҳанд.

Дар ариза мақсади гирифтани қитъаи замини дархостшуда, масоҳат ва рўйхати аъзои хоҷагии деҳқонии ташкилшаванда нишон дода мешаванд.

Қарор дар хусуси ба шаҳрвандон додани қитъаи замин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар давоми як моҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар боло зикр намудем қабул карда мешавад.

Дар ҳолати мавҷуд набудани фонди махсуси замин аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) дар хусуси гирифтани қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ба навбат гузошта мешавад.

Шахсони мансабдор барои риояи муҳлати қабули қарор дар хусуси додани қитъаи замин ва ба шаҳрвандон пешниҳод намудани маълумот оид ба мавҷудияти қитъаҳои замини тақсимнашудаи фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

Додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ, илмию истеҳсолӣ, таълимӣ, таҷрибавӣ, литсейҳои касбии техникӣ, инчунин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ташкили хоҷагии деҳқонии самтҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ё ниҳолпарварӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии мазкур бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.

Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» тасдиқ карда мешавад.

Ба истифодабарии қитъаи замин баъд аз бақайдгирии давлатӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми қабули узви нав ва баромадан аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ, азхудкунии заминҳои нав аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ ва ҳолатҳои дигари тағйир додани марзи қитъаи замин, хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур аз нав ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Ба ҳар як узви нав ва аз узвият баромадан хоҷагии деҳқонӣ аз нав шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад.

Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини ба иҷора додашуда дар асоси шартномаи иҷора ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Ҳамчунин маврид ба зикр аст, ки хоҷагии деҳқонӣ дорои як қатор ҳуқуқҳои ба худ хос мебошад, аз ҷумла ҳуқуқ дорад:

-дар қитъаи замини худ мустақилона хоҷагидорӣ намояд, низоми зироаткорӣ ва истеҳсолиро интихоб намояд;

-молики маҳсулоти истеҳсолкарда ва даромади аз фурўши он бадастоварда бошад;

-қитъаи замин ё қисми онро ба иҷора дихад;

-аз истифодабарии замин бо розигии аъзои хочагӣ даст кашад ва саҳми замин ё қисми онро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои нав муайян намояд;

-канданиҳои фоиданоки маъмулӣ (peг, шағал, хок, санг), манбаъҳои об, инчунин дигар хусусиятҳои муфиди қитъаи замини хоҷагии деҳқониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;

-молу мулки ташкилот ва шаҳрвандони алоҳидаро харидорӣ намояд, ба иҷора гирад ё муваққатан истифода барад;

-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо ҳуқуқи бегона кардани он ба гарав монад;

-барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ шартномаҳо ба имзо расонад;

-сервитути хусусиро ба қитъаи замин муқаррар намояд;

-ихтиёран молу мулки худро (зироатҳои кишоварзӣ, чорво, воситаҳои асосӣ ва дигар молу мулкро) суғурта кунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;

-нақшаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва диверсификатсияи истеҳсолотро тартиб дода, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти давлатӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар асоси ҷойгиронии фармоиши давлатӣ ба роҳ монад;

-ба маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худ мустақилона нарх гузорад;

-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисоди хориҷиро амалӣ созад;

-дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти тухмипарварӣ ва зотпарварӣ машғул шавад;

-дар ҳолати аз ҷониби давлат гирифта шудани қитъаи замин ҷуброни зарарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд ва гирад;

-аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.

Инчунин аъзои хоҷагии деҳқонӣ низ дорои ҳуқуқҳои ба худ хос мебошанд:

-сарфи назар аз ризояти аъзои дигари хоҷагии деҳқонӣ, баъд аз анҷом ёфтани соли кишоварзӣ аз ҳайати он бо саҳми замини худ бароянд ва хоҷагии деҳқонии алоҳида таъсис диҳанд;

-аз ҳуқуқи истифодаи саҳми замин даст кашанд;

-дар ҳолати баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дар мавриди тақсимнопазирии молу мулки хоҷагии деҳқонӣ ҷубронпулии ҳиссаи худро талаб намоянд ва гиранд;

-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқӣ бегона намудани он аҳдҳои ҳуқуқӣ-маданӣ (хариду фурўш, туҳфа, иваз, гарав) банданд;

аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар баробари доштани ҳуқуқҳо хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он дорои як қатор уҳдадорӣ мебошанд, аз ҷумла:

-қитъахои заминро самаранок ва тибқи таъиноти мақсаднок истифода баранд;

-ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ба халалдоршавии ҳолати агроэкологӣ, мелиоративӣ ва санитарию гигиении замин роҳ надиҳанд;

-ҳуқуқҳои заминистифодабарандагони дигарро халалдор ва маҳдуд насозанд;

-ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ усулҳоеро истифода намоянд, ки пешгирии паҳншавии касалиҳо, ҳашароту зараррасонҳои растанӣ ва чорворо таъмин менамоянд;

оиннома ва шартнома оид ба фаъолияти якҷояро риоя намоянд;

қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, амнияти экологӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва тақсимоти фоидаи софро риоя намоянд;

иҷрои уҳдадорихои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Хоҷагии деҳқонӣ инчунин уҳдадор аст:

-аз ҳисоби даромади хоҷагии деҳқонӣ барои барқарор ва афзун намудани ҳосилхезгардонии замин дар асоси қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ маблағ ҷудо намуда, чорабиниҳои илман асосноки агрокимиёвӣ ва экологию биологиро ба роҳ монад;

-пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҳаққи хизмати обрасонӣ, истифодаи барқ ва дигар пардохтҳоро дар муҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

-талаботи низоми ҳисоботи муҳосибӣ, уҳдадориҳои шартномавӣ ва низоми ҳисоби қарзиро риоя намояд;

-ба мақомоти маҳаллии идораи замин, идоракунии давлатии кишоварзӣ ва омори ноҳия (шаҳр) маълумотро дар бораи ҳолат ва дигар маълумоти омориро дар муҳлати муайяншуда пешниҳод намояд;

-бо кормандони кироя шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонад ва ба онҳо на кам аз андозаи ҳадди ақалли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат пардохт намояд.

Маврид ба зикр аст, ки яке аз паҳлуҳои дигари мақолаи мазкур ин шаклҳои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) маҳсуб меёбад.

Дар қонунгузорӣ ду шакли хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, аз ҷумла:о

-бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо;

-бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо.

Ин шаклҳои хоҷагии деҳқонӣ бо як қатор хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд

якум

Хоҷагии деҳқоние, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз тарафи як нафар ва (ё) бо теъдоди аз 2 то 50 шахси воқеӣ дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя таъсис дода мешавад, фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ менамояд.

Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ намояд.

Дуюм

– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ – дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани саҳми замини ҳар як узви хоҷагӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя ва дар шартномаи аз ҷониби гурӯҳи шахсони воқеӣ оид ба фаъолияти якҷоя ба имзорасонидашуда нишон додани ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои он (ба истиснои хоҷагии деҳқонии иборат аз як шахс);

– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ – дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани ҳуқуқи ҳар як муассис дар ташаккулёбии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ (агар қитъаи замини истифодашаванда ба иҷора гирифта нашуда бошад), ҳамчунин дигар дороиҳо (саҳми молу мулкӣ) дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.

Сеюм

-Хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд.

-Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ва агар муассисон зиёда аз як нафар бошанд – дар асоси шартномаи таъсисӣ фаъолият менамояд.

         Ҳамчунин маврид ба зикр аст, ки як қатор ҳолатҳое мавҷуд мебошанд, ки асос барои қатъ гаштани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ маҳсуб меёбанд, аз ҷумла:

-қатъ гаштани ҳуқуқи заминистифодабарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-пешниҳоди аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии аз тарафи як нафар шахси воқеӣ таъсисдодашуда;

-дар асоси қарори маҷлиси аъзо;

-ҳангоми муфлисшавӣ;

-дар асоси қарори суд.

Ҳамин тариқ хоҷагии деҳқонӣ – субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст ва мувофиқи қонунгузории ҷумҳуриамон танзими худро ёфтааст.

Напечатать страницу Напечатать страницу