Вохурии муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. бо кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав

Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. санаи 22 апрели соли 2024 бо кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав вохӯрӣ гузаронида, дар рафти вохӯрӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи ҷумҳурӣ аз 28 декабри соли 2023 ва Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда суҳбат доир намуданд.

Муовини Раис Аминзода З.Т. ҳангоми вохӯрӣ ба саволҳои иштирокчиён посух гардонида, ба кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳринав маслиҳатҳои муфид доданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу