Қабули шаҳрвандон

Санаи 20 апрели соли 2024 сол аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам бо мақсади иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд шуд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ, шахсони воқеъи ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро қабул намуда, бобати пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Нақшаи қабули шаҳрвандонро аз ҷониби роҳбарияти суд метавонед дар суроғаи зерин дастрас намоед  НАҚШАИ  қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои робитаи бевосита бо роҳбарият ва судяҳо, почтаҳои электронии роҳбарият ва судяҳо нашр гардидааст, ки шахсони воқеъи ва намояндагони шахсони ҳуқуқи метавонанд дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу