Маҷлиси ҳафтаина

Санаи  15 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.

Дар маҷлис саравал доир ба  ҷобаҷогузории кардҳои Суди Олии иқтисодӣ мутобиқи сохтори суд, тахия намудан дастурамал, корбарии сомонаҳо ва ҷойгир намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбаранда, зиёд намудани ташвиқу тарғиб ва баланд бардоштани фаъолият дар ин самт қайд карда шуд.

Сипас оид ба иҷроиши нақшаи кории соли маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, иҷроиши саривақтии бандҳои дахлдори нақшаи кории суд, инчунин оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №795 аз 18 марти соли 2024 дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид намуданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда, иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу