Вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботиву ташвиқоти дар ноҳияи Шаҳринав бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанов

Санаи 03 апрели соли 2024 дар бинои Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, таҳти раисии Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аминзода З.Т., Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав Шерализода Ш. ва ҳуқуқшиноси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Ализода И. барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав доир ба мавзуъҳои Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террорис тиву экстремистӣ  ва амалҳои номатлуб, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба қувваҳои мусаллаҳ” вохурӣ доир намуданд.

Зимни вохурӣ Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аминзода З. аз ҷумла, қайд намуданд, ки афзоиши пайвастаи ташкилот ва гурўҳҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир, яке аз омилҳои муташанниҷ гардидани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имруза гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тамомми суханрониашон доир ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракҳои террористиву экстремисти қайд менамоянд. Махсусан дар паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон армуғони пурарзиштарин барои мардуми кишвар буд, зеро ки дар он роҳи тайкардаи мамлакати мо бо мардуми заҳматқаринаш дар ҷодаи фароҳамоварии сулҳу осоиш, нигоҳдории якпорчагии давлат, рушди иқтисодиёт, ҷойгирӣ ва обрӯю нуфуз дар байни давлатҳои дунё, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон таҳлил гардид. Имрӯз давлати моро дар бонуфузтарин Созмонҳои байналмилалӣ мепазиранду бузургтарин давлатҳо бо мо риштаи ҳамкори мепайванданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иктисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи ахолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аз ин рӯ ҳар як падару модарро зарур аст, ки ба кадри ин тинҷиву ороми расанд ва барои тарбияи дурусти фарзандон диққати зарури диханд. То ин ки дар оянда ин фарзандон ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои ифроти шомил нашаванд.

Инчунин аз иштирокдорон даъват ба амал оварда кайд намуд, ки ҷиҳати дар ҳисси ватандустӣ тарбия намудани фарзандон аҳамияти ҷиддӣ дода, баҳри ободии ватан саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи вохӯрӣ гуруҳ дар мавзӯъҳои зикргардида баромад намуда, бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти ба номи А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав суҳбати озод баргузор намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас додаанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу