МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Масъулият эҳсосе мебошад, ки дар рафтори ҳар як шахси комили ҷомеаи мутамаддин ва фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба вай гузошта шудааст, дида мешавад. Тақозои замон аст, ки масъулият баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон, давлат ва қонунгузорӣ бедор карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути қонунгузории худ тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд”. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст.

Яке аз чунин санадҳои муҳим, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад, ки он аз 6 боб ва 17 модда иборат аст. Қонуни мазкур аз 2-юми августи соли 2011, №762 бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи Қонун ба муҳокимаи умум қайд намуданд, ки Қонуни мазкур ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт.

Биноан, вазифаи муқаддас ба камол расонидани насли солиму соҳибмаълумот, бунёдкор, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вазифаҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои волидонро нисбат ба фарзандон мушаххас карда, татбиқу риояи қонуни мазкур барои тарбияи устувори ахлоқии ноболиғону наврасон ва омода кардани онҳо ба тарзи ҳаёти солими оилавӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад.

Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.

Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст. Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, ки нерӯи пурқудрат, такягоҳ ва боигарии давлат маҳсуб меёбанд, нақши созандае гузошт.

Шароити номусоиде, ки солҳои аввали истиқлолият ба вуҷуд омад, пеш аз ҳама боиси халалдор шудани таълиму тарбияи ҷавонон гардид. Ин авзои номатлуб ба зудӣ тавонист, ба ҷомеа, хоса ба наврасону ҷавонон асари амиқ гузорад, аз ҷумла сатҳу сифати таълиму тарбияро коҳиш диҳад. Аз ҷумла, ба корҳои ношоиста даст задани ҷавонон ва дигар зуҳуроти номатлуб авҷ гирифт. Бархе аз ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои бегона, хурофотпарастӣ, манфиатҷӯӣ рӯй оварданд ва ин костагиҳо сабабгори вайрон шудани ахлоқи ҷомеа гардиданд. Бинобар ин, иқдоми неки Пешвои миллат ва мардуми кишвар гирифтани пеши роҳи омилҳои мавҷударо пайдо намуд ва қонуни мазкур садди роҳи амалҳои номатлуби ҷомеа гардидааст.

Аз мазмун ва мундариҷаи Қонуни мазкур чунин хулоса бармеояд, ки масъулияти гузоштани хишти аввалро ба ояндаи фарзандон волидон бояд доимо дар мадди назар дошта бошанд. Зеро падару модар дар ибтидои ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонибинии кӯдак нақши меҳварӣ дошта, фарзандон тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсиро бо фаҳмиши онҳо дарк мекунанд ва аз рӯи ҳамин захираҳои зеҳнӣ муносибати худро ба олами атроф муайян мекунанд. Ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо намуда, мақому нақши онҳо дар зиндагии наврас як умр боқӣ мемонад. Ба тасвиб расидани ин қонун пеш аз ҳама меъёрҳои ҳуқуқии масъулияти волидайнро дар таълиму тарбияи фарзанд муайян намуд.

Ҳарчанд ин вазифа аз лиҳози биологӣ асос дорад ва ҳам аз лиҳози динӣ-ахлоқӣ тавассути меъёрҳои анъанавии иҷтимоиву ахлоқӣ низ мустаҳкам гардидааст, вале чуноне ки дар солҳои охир ба назар мерасад, ҳанӯз ҳам волидони зиёде нисбат ба ин вазифаҳои тарбиявии худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд.

Бинобар ин, тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба хотири назорати ҳуқуқии раванди таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии волидон қабул шуда, иҷрои он барои ҳар як падару модар, қабл аз ҳама муносибати некбинонаи онҳо ба ояндаи фарзандонашон ва ҳамзамон адои амонати виҷдонию инсонии онҳо дар назди ҷомеа ва Худованд аст.

Барои татбиқи амалии ин қонун пеш аз ҳама низоми сиёсии кунунӣ мувофиқат мекунад, зеро низоми давлати дунявӣ-демократӣ имконият медиҳад, ки чунин масъалаҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим карда шаванд. Ҳадафи асосӣ дар тафаккури насли наврас ҷойгузин кардани эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, меъроси ниёгон, арзишҳои умумиинсонӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, парчам, истиқлолият, забон ва дигар арзишҳои миллӣ буда, бояд роҳ надиҳем, ки дар зери таъсири омилҳои бегона тафаккури насли наврас ташаккул ёбад.

Зеро дар чунин ҳолат дар тафаккури ин насл як навъи бегонагӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ пайдо мешавад. Агар чунин омилҳо дар ҷомеа тақвият ёбанд ва таъсири аз худ бегонашавии ҷавонон шакл гирад, дар ин маврид, ҳифзи давлати миллӣ метавонад ба мушкилоти зиёд дучор шавад.

Мутобиқи моддаи 5-и боби 1-и Қонун “таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа” мебошад. Яъне тибқи мазмуни банди мазкур, тарбияи наврасон вазифаи танҳо падару модар нест, балки вазифаи умумиҷамъиятӣ ва умумишаҳрвандӣ низ мебошад. Аз ин рӯ, новобаста аз касбу кор ҳамаи табақаҳои ҷомеа вазифадор мебошанд, на танҳо дар таълиму тарбияи фарзанд дарки масъулият кунанд, балки онро содиқона адо намоянд.

Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагӣ аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд, чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтӣ мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Қонуни мазкур, аз ҷониби дигар ба таърихи тамаддуни миллати тоҷик дар тӯли қарнҳо, ки ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд, алоқамандӣ дорад. Дар қисми якуми моддаи 18-и Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки “таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад”.

Тавре Муҳаммад Ғаззолӣ фармудааст, “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.

Кӯдак дар ҳама гуна ҳолат бояд байни онҳое бошад, ки аввалин шуда, ҳифзи иҷтимоӣ мебинанду ёрӣ мегиранд, зеро ғамхории доимӣ дар ҳакқи кӯдакон шарти ногузири ҳастӣ ва рушди халқ, давлат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд уҳдадориҳои зерин доранд:

“Ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд.”

Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Яъне, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Падару модар уҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд. Зеро, гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли 2016, №325 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст. Пас аз таваллуд, фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд.

“Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд.”

Кӯдак низ ҳамчун як узви ҷудонопазири ҷомеа ва категорияи ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолӣ дар қатори дигар калонсолон ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ алакаӣ аз хурдсолии ӯ аз он лаҳзае оғоз меёбад, ки ӯ аз чанд давраи эмкунӣ мегузарад, ки ин эмкунӣ бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча ва ғайра амалӣ мегардад. Баъд дар давоми наврасӣ ва ба воярасонии кӯдак падару модарро мебояд аз вазъи саломатии фарзанди хеш огоҳ бошанд ва беаҳмиятӣ зоҳир накунанд.

“Гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд.”

Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд; кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд; ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд; аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд ва ба ин монанд уҳдадориҳоро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи падару модар вогузор намудааст, ки саркашӣ намудан аз иҷрои ин уҳдадориҳо боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст. Аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри руҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дарбар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст.

Ҳамаи ин уҳдадориҳои дар боло зикршуда ҳангоми риоя нашудан метавонад оқибатҳои ҳуқуқуқиро ба бор оваранд, ки алакай аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст. Тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад, ки ҷавобгарии маъмуриро дар намуди огоҳӣ ва аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст, ки айни замон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомониро ташкил дода, маблағи ҷаримаи пешбининамудаи қонунгузор аз 216 то 360 сомониро дарбар мегирад.

Ҳамаи ин, дар назари аввал як кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ менамояд, аммо ин метавонад оҳиста-оҳиста аз беназоратии волидайн такрор ёфтан гирад ва то ҳатто ба ҷиноят даст задани фарзанд низ оварда расонад, ки мебоист инро бармаҳал пешгирӣ намуд.

Эҳсоси масъулияти баланди падарию модарӣ ва тарбияи фарзандони бомаърифат ба ташаккул ва пешрафти ҷомеа мусоидат намуда, барои ба воя расидани наслҳои аз ҳама ҷиҳат соҳиби ақлу иродаи қавӣ ва виҷдони покдошта заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа дар дасти насли наврас аст, аз ҳамин хотир дар таълим ва тарбияи онҳо дар баробари падару модар, инчунин ҷомеа ва дигар қишрҳои он саҳмгузор бошем.

Бо вуҷуди ин, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд, агар бо маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолат шоҳид гашт, ҷоҳилӣ хулқаш мегардад.

Таълиму тарбияи фарзанд дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард. Волидайн вазифадоранд ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори падару модар барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад. Барои амалишавии ин ҳадаф нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад. Қонуни зикршуда, барои тарбияи насли хештаншинос, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ояндаи дурахшони фарзандон нақши калидӣ гузошта, барои таҳкими худшиносиву донишманд шудани наврасон заминаи мусоид фароҳам овард.

Бунёди ҷомеаи солим пеш аз ҳама ба оилаи солим вабаста аст. Маҳз, ҳамкории се ниҳод мактаб ҷомеа ва оила муҳити созгорро барои тарбияи дурусти наврасон фароҳам оварда, дар ин замина насли ояндасоз ба воя хоҳад расид. Аҳли ҷомеа моҳияти Қонуни мазкурро дарк намуда, дар самти таълиму тарбияи фарзанд диққати махсус зоҳир менамоянд. Масъулияти падару модарро барои таълиму тарбияи фарзанд Қонун ба таври мушахас пешбинӣ кардааст, ки ҳадаф аз он ҷалби ҳарчи бештари наврасон ба донишандӯзӣ ва дурӣ аз ҳар гуна амали ношоиста мебошад.

Баробари мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҳар як инсони худогоҳу худшинос, бахусус, падару модар дар татбиқи босамари он бевосита саҳм мегирад. Ҳамчунин, дар таълиму тарбияи насли наврас масъулият эҳсос намуда, баҳри расидан ба ин ҳадаф диққати ҷиддӣ медиҳад, то ин ки онҳо донандаи илму техникаи замонавӣ, маданияту фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ бошанд, то тавонанд, ки фарҳангу маданияти ибратбахши миллати тамаддунофари тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Бояд зикр кард, ки мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд.

Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад.

Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб буд, ки дар ҷомеа чанд сол қабл амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ бештар аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардид ва дар ин росто каммасъулиятии баъзе аз падару модар ва омӯзгорон низ ба назар мерасид.

Барои несту нобуд сохтани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ва сади роҳи ин падидаи номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардидааст.

Ин қонун, барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.

Донишмандон бар он назаранд, ки бояд волидону омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд, пеш аз ҳама бояд ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоянд.

Мазмуни асосии лоиҳаи қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омӯзгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, то ки фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шаванд.

Чуноне ки таъкид гардид, Қонуни мазкур бо дарназардошти зарурияти бунёд ва таҳкими оилаи солим ҳамчун муҳимтарин ниҳод ва мактаби тарбияи иҷтимоии насли наврас таҳия ва қабул шудааст.

Зарурати ташкили оилаи солим ва пурзӯр кардани нақши тарбиявии он моро водор менамояд, ки барои ин мақсад аз тамоми роҳу усулҳо, воситаҳо ва имкониятҳои дастрас самаранок истифода барем. Яке аз далелҳои асосие, ки зарурияти таваҷҷӯҳи бештар додан ба масъалаи таҳкими асосҳои ҳуқуқии оилаи солим ва ташаккулу танзими муносибатҳои оилавиро собит менамояд, нисбатан суст шудани нақшҳои анъанавии тарбиявӣ- иҷтимоии ин ниҳоди мазкур мебошад. Буҳрони оила барои ҷомеа оқибатҳои хеле бад дошта, яке аз пайомадҳои номатлуби он зуҳури косташавии ахлоқи насли наврас мебошад.

Ахлоқ ва рафтори зишт падидаи номатлубест, ки мавҷудияти он ҷомеаро хароб сохта, тамаддунро ба таназзул мекашад. Воқеияти онро дар ҳар як давраи таърихии инсоният ва ҳама халқияти башар мушоҳида намудан мумкин аст, яъне он дар асл маҳдудияти ҷуғрофӣ ва миллӣ надорад. Имрӯз шоҳиди ҳоли интиқоли падидаҳои номатлуб аз як минтақа ба минтақаи дигар ҳастем ва дастовардҳои технологии муосир дар интишори чунин падидаҳои номатлуб нақши бориз доранд.

Мутаассифона, таблиғи идеяи ҷиҳод ва ифротгароӣ имрӯз ҳазорон ҷавононро аз кишварҳои гуногун ва сатҳи иҷтимоии гуногун ҷалб намуда, онҳоро аз роҳи таблиғи нодурусти дини ислом ба худкуши бурда истодаанд. Ҳазорон ҷавонон дар ин ҷангҳо ҷони худро қурбон карданд ва ҷавонон низ аз таъсири чунин тарғиботҳои ифротӣ канора набуда, теъдоди зиёди онҳо маҳз аз тариқи шабакаҳои интернетӣ бо таълимоти ҳамин гурӯҳҳо шинос шуда, кишварро тарк карда, аъзои онҳо шуданд.

Он касоне ки аз миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аъзои ин ҳаракатҳои террористӣ шуданд кам нестанд, вале онҳое, ки дар хонаҳояшон буданд ва ҳаррӯз аз сомонаҳои интернетӣ истифода мебурданд, наход падару модаронашон як бор аз онҳо суол намекарданд, ки шумо чиро аз ин сомонаҳо омӯхта истодаед. Албатта дар ин маврид пеш аз ҳама волидайн айбдор аст, зеро барои фарзандон ҳамаи шароитҳоро муҳайё карда, ягон бор назорат намебаранд, ки онҳо ба чӣ кор машғуланд.

Таҷрибаи ҳаётии волидайн собит менамояд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҳар соату дақиқа эътибори хоса зоҳир намудан зарур аст. Таҳлилу омӯзишҳои гузаронида дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо аён намуданд, ки ҳарчанд ҷиҳати таъмини Қонуни мазкур корҳои муайяне иҷро шуда бошанд ҳам, вале на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шудаанд. То ба ҳол шахсони алоҳида ва масъулини соҳа аз мӯҳтавои Қонуни мазкур маълумоти кофӣ пайдо накарда, масъулият ва ӯҳдадориҳои худро дар тарбияи фарзанд ба таври бояду шояд эҳсос накардаанд.

Аз маълумотҳо бармеоянд, ки дар ҷумҳурӣ то ҳол шумораи назарраси наврасону ҷавонони ба рафторҳои ғайримеъёрӣ ё каҷрафторӣ мисли нашъамандӣ, худкушӣ, танфурӯшӣ ва ғайра тамоил доранд ё чунин рафторҳоро содир мекунанд. Бо вуҷуди баргузории амалиёти ошкоркунӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда то ба ҳол иштироки наврасон дар нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ кам нашудааст. Таҳлилу омӯзишҳо собит намуданд, ки мӯҳтавои барномаи ин гуна марказҳои бозӣ ва дилхушӣ асосан аз зӯроварӣ ва куштор иборат буда, ин омил ба раванди ташаккули шуури кӯдак  таъсири манфии худро мерасонад ва кӯдакон дар тақлид аз бозиҳо усули зӯровариро шоҳроҳи зиндагии худ қарор медиҳанд. Бадбахтона чунин наврасон дар ниҳоят ба корҳои зишт даст зада, ҳам ҳаёти худро месӯзонаду ҳам боиси беобрӯ шудани оила мегарданд.

Зикр бояд намуд, ки падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд. Чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад. “Омӯзгорон, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд уҳдадоранд, ки оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд” – ин меъёр аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бармеояд. Қонуни мазкур аз соли ба тавсиб расиданаш то ҳол натиҷаҳои назарраси пешгиркунандаи ҳуқуқвайронкунии кӯдакону наврасонро нишон додаст.

Аз ҷумла, дар ҷомеаи имрӯзаи кишварамон сатҳи оворагардию ҳуқуқвайронкунӣ ва содир гардидани ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон нисбат ба солҳои гузашта хеле паст шудааст ва падару модарон низ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон тамоми чораҳои заруриро андешида, шароити хуби маърифатнок намудани онҳоро ба роҳ монда истодаанд.

Аммо бо вуҷуди ин, барои боз ҳам коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни насли ҷавони ҷомеа ва ба ҳаёти осудаву арзанда роҳнамоӣ кардани онҳо аз мақомоти дахлдор ва пеш аз ҳама аз падару модар масъулияти бештар тақозо мегардад.

Зеро, имрӯзҳо баъзан ба назар мерасанд оилаҳои ҷавоне, ки бо сабаби надоштани таҷрибаи кофии оиладорӣ ва дониши мукаммал барҳам мехӯранд. Дар ин росто волидон вазифадоранд, ки инкишофи қобилияти фарзандонро фароҳам оварда, шаъну шарафи инсонии онҳоро эҳтиром намуда, ба муомилаи бераҳмона нисбат ба онҳо роҳ надиҳанд, бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ намоянду пайваста аз ҷараёни донишандӯзии фарзандони худ бохабар шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳар як падару модар масъуланд дар раванди таълиму тарбияи фарзанд ҷиҳатҳои рӯҳию равонии онро ба назар гирифта, кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ба кӯдакон зӯровариро пеш норанд ва аз зинаҳои инкишофи кӯдакон бархӯрдор шаванду таълиму тарбияи дурустро ба роҳ монанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” натанҳо бо масъул гардонидани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қабул гардидааст, балки ба фарзандони болиғу қобили меҳенат вазифаҳои махсусро вогузор кардааст.

Аз ҷумла, дар он муқаррар шудааст, ки: “Фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифадор карда шуданд, ки падару модари худро нигоҳубин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намоянд”. Дар ҳолати иҷро накардани уҳдадориҳои мазкур, фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Фарзанд неъмати бебаҳост, ки ҳаёти мо, инсонҳоро ширин асту лаззати зиндагӣ ва накҳату муҳаббати самимиро эҳсос менамоем. Аз рӯзи ба дунё омадани фарзанд ҳар як волидайн дарҳол дар фикри ояндаи ӯ мешаванд. Зеро фарзанд барои падару модар беҳтарин неъмати бебаҳо ва меваи зиндагист.

Тарбия ва ба камол расондани фарзанд дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Чун танҳо оилаи солиму соҳибмаърифат метавонад фарзанди хубро тарбия намуда ба камол расонад.

Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб аст, ки дар ҷомеа баъзан амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад. Беназоратии волидайн нисбати наврасону ҷавонон, беаҳамиятӣ, хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд асоси сарчашмаи ҳамагуна амалҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон мебошад.

Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” худро масъул ва уҳдадор ҳисобида, зиндагии фарзандро бояд тибқи нақшаи муайян амалӣ намоянд. Дар сурати беэътиноӣ ба қонун ин маънои хиёнат ба фарзанд, Ватан ва ояндаи миллату давлат аст. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азиз – Тоҷикистон ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд

Муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т.

Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Шарипов Д.А.

Напечатать страницу Напечатать страницу