ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАСТУР БАРОИ ҶАВОНОН – Корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Д.А.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷавонон ёдовар шуда, ояндаи давлату миллати тоҷик ва пешрафту тараққии бесобиқаи онро дар дасти ин қишри ҷомеъ меҳисобанд.

Воқеан, ояндаи ҳар як давлати соҳибистиқлолро бе ҳузури саҳми ҷавонони он дар рушду нумӯи сарзамин ва тамаддуну иқтидораш тасаввур намудан ғайрииммкон аст. Зеро бо маҳорат ва малакаи худ ҷавонон ҳамеша дар пешрафти ҳар як давлату миллат саҳмгузор мебошанд.

Дар Паёми навбатӣ Президенти кишвар, қайд намуданд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Айни замон, дастгирии ҷавонон дар тамоми самтҳо ба назар расида, тақсим гардидани 140 ҳазор гектар замин дар замони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ асосан ба оилаҳои ҷавон ва бунёди 11 ҳазор иншооти нави варзиш, тасдиқи ин гуфтаҳост. Инчунин, дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд, ки нишон аз соҳибмаърифатӣ ва донишмандии ҷавонони Тоҷикистон мебошад.

Тавре Президенти мамлакат, қайд намуданд, ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии “Роғун” ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Боиси ифтихории миллии ҳар як ҷавони бонанг аст, ки танҳо дар соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки муддати беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, баргузории ҳамасолаи озмунҳои “Илм–фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон–Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун ҳамчун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо мебошад.

Ба ғайр аз ин, Роҳбари давлат ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳисобида, ҳамеша бо ифтихор иброз медоранд, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

Албатта, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар дигаргунсозии ҷомеаи навин, муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз хеле муҳим буда, дар асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад, зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.

Дар баробари ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат мо ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва фарҳангдӯсту меҳанпарастро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бо истифодаи оқилона аз шароитҳои муҳайёгардида, аз бар намудани дониши замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳем, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи худ баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Напечатать страницу Напечатать страницу