Мустақилияти судяҳо кафолати таъмини адолати иҷтимоӣ ва судӣ аст. – Каландарзода М С., судяи СОИ ҶТ

«Раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.»

                                             Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ эълон намуда, дар таърихи давлатдории Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи қонуни олии мамлакат мустақилияти ҳокимияти судӣ қайд ва мустаҳкам карда шуд.

Ҳамзамон, ин аввалин ислоҳоти конститутсионӣ мебошад, ки масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар он мавқеи муҳимро ишғол намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Муқаррароти мазкур аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ будани Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар баробари ин таъмини волоияти қонун дар фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият, иҷрои бечунучарои талаботи қонун аз тарафи ҳамаи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликиятдориашон  ҳамчун кафолати ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Хусусияти хоси ҳокимияти судӣ аз рукнҳои дигар дар мустақилӣ, ягонагӣ, ба қонун итоат намудан ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ-судҳо таъмин мекунад. Ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ба монанди, Принсипҳои асосии марбут ба мустақилияти мақомоти судӣ, ки аз ҷониби Конгресси Созмони миллали муттахид дар давраи аз 26 август то 6 сентябри соли 1985 дар шахри Милан қабул гардида, бо катъномаи 40/32 Мачмааи Кулли СММ аз 29 ноябри соли 1985 ва 40/146 аз 13 декабри соли 1985 писандида шудааст,  тасдиқ менамод, ки мустақилияти мақомоти судиро пеш аз ҳама Давлат ва Конститутсияи он кафолат медиҳад ва дар Конститутсия ё қонунҳои кишвар зикр карда мешаванд. Ҳама гуна шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ўҳдадоранд мустақилияти мақомоти судиро эҳтиром ва риоя намоянд.

Дар иртибот ба ин моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,  ки  «Ҳокимияти судӣ мустакил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.».

Принсипи мустақилӣ минбаъд дар моддаи  87  Конститутсия чунин таҷассум ёфтааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.».

Принсипи конститутсионии мустақилии судяҳоро  омилҳои зерин таъмин менамоянд: итоат намудани онҳо танҳо ба Конститутсия ва қонун зоҳир гардида,  тибқи қонун интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан, дахлнопазирии судя, амали намудани адолати судӣ тибқи тартиби муайянкардаи қонун, махфияти машварати судяҳо ҳангоми кабули санадҳои судӣ, манъи ҳама гуна дахолат барои амалӣ гардонидани адолати судӣ, ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ ба суд, ҳуқуқи ба нафақа ва истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан ва бозхонди судя, ташкили ҷомеаи судяҳо, муҳайё сохтани шароити моддӣ, ташкилию техникӣ барои фаъолияти судяҳо, аз  ҳисоби давлат ба роҳ мондани таъминоти моддӣ ва иҷтимоии судяҳо, ҳатмӣ будани иҷрои фармонҳо, ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳои қабул кардаи судҳо, ки эътибори қонунӣ  пайдо кардаанд, барои ҳамаи мақомоту шаҳрвандон.

Аз ин рў, метавон иброз дошт, ки мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғараз равона гардида, ба принсипи татбиқи адолати судӣ асос меёбад.

Кобили зикр аст, ки ислоҳоти конститутсионии соли 2003 ба мавқеи ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти онҳо тақвият бахшида, мўҳлати ваколат ва синни ниҳоии ба мансаби судя таъин гардидан мувофиқан ба 10 ва 65 сол муқаррар карда шуд.

Президенти мамлакат дар Паёми худ аз 20 апрели соли 2006 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба зарурати гузаронидани ислоҳоти судӣ таъкид намуда, то ба имруз дар ин самт ду Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ ва амалӣ гардида, дар ин раванд давлату Ҳукумат баҳри таъмини мустақилияти мақомоти судӣ корҳои муайянеро, аз ҷумла,  марҳила ба марҳила такмили қонунгузорӣ, зиёд намудани воҳидҳои вазифаи судя ва кормандони дастгоҳи судҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар Буҷети давлатӣ ва чораҷўӣ баҳри баробар кардани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо, таъмини судҳо бо биною таҷҳизотҳои муосир, пайвастшавӣ бо интернету кушодани сайти судҳо, мунтазам дар Маркази таълимии судяҳо бо Барномаҳои гуногуни омўзишӣ фаро гирифтани судяҳо, ба роҳ мондани таҷрибаомўзии судяҳо дар судҳои болоӣ ва гайраро анҷом дода, тадбирандешӣ дар ин самт идома дорад. Омилҳои мазкур барои таъмини мустақилияти суд равона карда шуда, онҳо бобати ҳалли саривақтӣ ва қабули санадҳои судии асосноки судӣ муосидат менамоянд. Дар ин хусус  таҳлили фаъолияти соҳа, ки мунтазам тавассути расонахо, нишастҳои матбуотӣ ва васоити ахбори омма пешниҳоди ҷомеа мегарданд, гувохи медиханд.

Судяҳо дар баробари адолати судиро амалӣ намудан, инчунин воқеан масъулияти ахлоқу одоб ва маънавиёти  иҷтимоии кишвару ахли ҷомеаро низ ба ўҳда доранд.

Амалӣ намудани адолати судӣ ба иҷро гардидани уҳдадориҳои давлат дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат ва ташкилоту муассисаҳо алоқамандӣ дошта, масъулияти баланди касбӣ, донишу малака ва рафтору ахлоқи намунавиро тақозо менамояд.

Кордонӣ,  принсипнокӣ, ошкоро будан ва поквиҷдонии судя шартҳои асосии самарабахши фаъолияти сохтори судӣ, боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, устувории ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Напечатать страницу Напечатать страницу