Спитамен: идомаи сафари кории раиси СОИ Мирзозода Рустам дар Ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Навкат ва Тағояк

Дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо фаъолон ва сокинони ҷамоат мулоқот доир гардид. Дар кори мулоқот раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ва мудири кафедраи фалсафаи Тоҷикистон Алихон Шоҳҳусайн иштирок намуданд.
Дар доираи мулоқот муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки дар таърихи 9 марти соли равон сурат гирифт, шарҳ дода шуд.
Масъулин доир ба паҳлӯҳои суханронии Пешвои муаззами миллат баромад намуда, дастуру супоришҳои Роҳбари олии давлатро ба самъи иштирокчиён расониданд.
Ҳадаф аз ин иқдом расонидани нуктаҳои суханронии Президенти кишвар ва таъмини татбиқи самараноки дастуру супоришҳои Сарвари давлат унвон мешавад.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз Ҷамоатҳои шаҳраки Навкат дидан намуданд.
Дар доираи ин боздид аз ҶДММ “Нонпази Нов” ва ҶДММ “Стандарт текстайл” боздид сурат гирифт.
Масъулин ҷиҳати таҳкими фаъолият ва расидан ба дастовардҳо ба ҳайати роҳбарият ва кормандони корхонаҳо дастуру маслиҳат доданд.

Дар идомаи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз як қатор муассисаҳои Ҷамоати шаҳраки Навкат ва Ҷамоати деҳоти Тағояк боздид сурат гирифт.
Аз ҷумла, дар доираи ин иқдом ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз фаъолияти ҶСП “Норд Азия Металл”, фаъолияти гармхонаи наздиҳавлигии шаҳрванд Абдуқаюмов Музаффар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √7 боздид ба амал омада, масъулин бо рафти корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии √16 шинос шуданд.
Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Тағояк собиқадори соҳаи кишоварзӣ Ҳоҷимуродов Эркин аёдат шуданд.
Ба аёдатшуда маҳсулоти хӯрокворӣ ва меваҳои тару тоза дастрас шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу