Сафари кории раиси СОИ Мирзозода Рустам ба ноҳияи Спитамен: Боздид аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол

Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол боздид сурат гирифт.
Дар доираи ин иқдом ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода маъракаи кишти картошка баргузор шуда, масъулин аз аз боғи интенсивии АИО “Тоҷикистон” дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон, аз муассисаҳои таълимии √9 ва 14 ва кӯдакистони √14 боздид сурат гирифт.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини муассисаву идораҳо дастуру доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ин сафар инчунин собиқадори меҳнат Маҷнунова Кароматро аёдат шуд.
Таъкид гардид, ки собиқадорон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои онҳо мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом дода мешавад.

Напечатать страницу Напечатать страницу