ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ АМАЛИШАВАНДАИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ – Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода А

Паём ҳамчун ҳуҷҷати ҳадафманд ва муайянкунандаи дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеъа аз ҷумла, муносибатҳои ҳуқуқии ҷомеъаро дар як даври муайян ҷамъбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷро намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ, амали гардонидани барномаҳои суди-ҳуқуқӣ ба хотири ҳали масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва тарбияи аҳолӣ, муайян мекунад.
Масъалаи муҳиме, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид мегардад ва бе тадбиқи амалии он расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ғайриимкон аст, ин дуруст муайян намудани ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ мебошад. Устувории давлатдории минбаъдаи мо аз таҳкими бемайлони заминаҳои ҳуқуқии он вобаста аст. Чуноне ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар Паёми имсолаи худ Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксоли пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гарда истодааст.
Дар баробари ин, тағйирёбии босуръати вазъи бозори ҷаҳонии озуқаворӣ ва болоравии мунтазами нархи маҳсулоти ғизоӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқаворӣи кишвар таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир намоем.
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полезӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст. Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки ин нишондодҳо расми буда ба қайд гирифта шудаанд, вале 50 фоизи дигар аз ҳисоб берун мондааст.
Маврид ба зикир аст, ки мардуми сарбаланди кишвар ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, суботи комили сиёсӣ ва сиёсати дурбинона ва оқилонаи давлату ҳукумати мамлакат хоса сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин дастовардҳо ноил гардидааст. Дар сурати набудани сулҳу субот ва фазои ороми кишвар ноил шудан ба чунин дастовардҳо ғайримкон аст.
Нуқтаи дигари муҳиме, ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон изҳор доштанд ин ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз ҷумла изҳор доштанд, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.
Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.
Президенти кишвар ҳамчунин таъкид намуданд, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун ътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд.
Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Президенти мамлакат Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эълон карда буданд. Роҳи интихобкардаи мардуми кишвар бо роҳбарии сарвари оқилу доно, сулҳпарвару сулхоҳ ва адолатпарвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷикро ба он ормонҳое, ки ҳазорсолаҳо дар қалби худ доштанд, оварда расонд.
Боиси қайд аст, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» сари вақти буда, аз як тараф ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи аҳолӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро кафолати рушди босуботи кишвар аз сатҳи шуур ва маърифати ҳуқуқии мардум вобастагии калон дорад. Гузашта аз ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми қариб си соли амалкарди худ рисолати таърихии худро ҳамчун қонуни асосӣ иҷро намуда истодааст ва дар оянда низ иҷро хоҳад кард.
Мо кормандони ҳокимиятии судӣ аз пешниҳоди Сарвари давлат ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» истиқбол намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ки баҳри таҳкими ҷомеаи адолатпарвар, пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронда шудаанд, саҳми арзандаи худро мегузорем.

Напечатать страницу Напечатать страницу