Наврӯзи аҷам-иди таҷассуми зебоиву сарсабзӣ!

Наврӯз-яке аз идҳои қадимтарин буда, аз қаҳри асрҳо ба мо чун мероси бебаҳои ниёгон омада расидааст.
Наврӯз дар сарзамини мо аз рӯи тақвими қадимаи эрониён ҷашн гирифта шуда, бо бедоршавии табиат ва оғози кишту кори баҳорӣ пайвандҳои зич дошта, дар худ бисёр расму оинҳои миллӣ ва анъанаҳои ниёгони моро то давраи мо нигоҳ доштааст.Сарчашмаҳои таърихӣ, бахусус мардумшиносӣ дар бораи иди Наврӯз маълумот дода, решаҳои ногусастании онро ба зиндагонии халқҳои форсизабон нишон медиҳанд.
Дар тамоми тули таърих эътиқоди мардум ба ҷашн беш аз пеш меафзояд ва Навруз муборактарин ва муқаддастарин анъанаи миллии мардуми форсзабон ба шумор меравад.
Таърихи Наврӯз дуру дароз буда, пайдоиши дақиқи онро гуфтан ғайриимкон аст, вале дар асоси сарчашмаҳои таърихию андешаҳои донишмандону мутахассисон барояш як таърихи муносибро метавон иқрор шуд.Бештари фикрҳо дар онанд, ки Наврӯз аз замони нахустин подшоҳи Пешдодиёни табори Ориёи Кайхусрав ва ҳатто пеш аз он ҳам роиҷ будааст, вале дар ҳамаи сарчашмаи илмӣ ва адабӣ мегӯянд, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшед аст.Дар асл Ҷамшед маҳбубтарин симо дар фарҳанги бостонии мардуми Ориётабор аст.
Аз ин рӯ, ривоятҳои фаровоне дар бораи пайвандии Наврӯз ва Ҷамшед ба назар мерасад.
Дар замони Шӯравӣ Наврӯз бо баҳонаи иди динӣ будан ба олами фаромӯшӣ рафта, ҷашнгирии он ба тариқи расмӣ манъ гардида буд.Вале аз соли 1978 бо қарори Ҳукумат ҳар сол 21-22 март дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Наврӯз бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз бошад, ин иди фасли зебои сол дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 21 то 24 март дар кишвари маҳбубамон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Боиси қайд аст, ки бо ташабусси бевоситаи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Наврӯз ба феҳрасти ЮНЕСКО шомил карда шуда, соли 2010 Созмони Миллали Муттаҳид 21-мартро “Рӯзи байналмиллалии Наврӯз” эълон кард.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва кӯшишҳои Асосугузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана дар фазои сулҳу собот ва оромию осудагӣ истиқбол мегиранд.
Ҷашни Наврӯз барои бисёр халқҳо муштарак буда, дар рамзҳои вай орзую омоли мардуми меҳнаткаш таҷассум ёфтааст.Тоҷикон, форсҳо, курдҳо, пуштунҳо, татарҳо, озарҳо, ӯзбекҳо ва даҳҳо халқҳои дигар Наврӯзро ҷашн мегиранд, ба шарафи он тантана меороянд.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муааззаму мукаррами кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки рӯзи 22-юми декабри соли 2017 ба мақоми олии қонунгузори мамлакат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кули мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз қироат гардида буд, иброз доштанд, ки “Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.”.
Боиси хурсандист, ки кишвари маҳбубамон аз Наврӯз то Наврӯзи дигар таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи сифатан нави рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ворид гардида, имрӯз мардуми бонангу номуси диёрамон бо назари нек ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.
Наврӯзи Аҷам имрӯз бар диёри азизамон нур мепошад ва дар партави анвори дурахшони он тоҷи заррини давлати соҳибистиқлоламон ҷило дода, дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар тадриҷан комёбиҳои назаррас ба чашм мерасад.
Фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат, соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик-Наврӯзи Аҷам муборак бошад!

Наврӯз биё, файзи ту, файзи ҳамагон бод,
Густурда пур аз неъмату нозе ҳама хон бод.
Ин муждаи ту пайки ҳама бахту нишот аст,
Ҳар рӯзи ту, наврӯзи ҳама пиру ҷавон бод!

Напечатать страницу Напечатать страницу