парвандаи №1-357/23
Т А Ъ И Н О Т
дар бораи қатъ кардани истеҳсолоти парванда
10-уми январи соли 2024 шаҳри Душанбе
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раисикунанда судя Ҷалилзода Х.Р., бо котибии Сайвализода У.Н., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои ҳамин суд, парвандаи иқтисодиро аз рӯи аризаи даъвогии роҳбари Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. дар намояндагии С.Б. ба ҷавобгарии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҳ»-и шаҳри Турсунзода дар шахсияти роҳбари ҷамъият Қ.А., ҷавобгарони дигар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода ва Г.Б.Ҳ. дар бораи бекор кардани қарори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҳ»-и шаҳри Турсунзода № 10 аз 22-уми августи соли 2016, бекор кардани шартномаи хариду фурӯши иморатҳои идора ва меҳмонхона воқеъ дар деҳаи Сешанбе № 01 аз 22-уми августи соли 2016, беэътибор донистани қарори Раиси шаҳри Турсунзода № 1403 аз 25–уми ноябри соли 2019, беэътибор донистани қарори Раиси шаҳри Турсунзода № 572 аз 19–уми апрели соли 2021, беэътибор донистани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ №8144 аз 28–уми майи соли 2021 ва беэътибор донистани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо № 0024907 аз 7–уми ноябри соли 2022-ро бо иштироки намояндаи ваколатдори даъвогар С.Б. ва ҷавобгар Г.Б.Ҳ., инчунин намояндаи ваколатдори ӯ К.М. баррасӣ намуда,
м у а й я н к а р д :
Роҳбари Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. дар намояндагии С.Б. бо аризаи даъвогии дар боло ёдрасшуда ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки қарори Раиси ҶСК «Ҳ»-и шаҳри Турсунзода № 10 аз 22-уми августи соли 2016, шартномаи хариду фурӯши иморатҳои идора ва меҳмонхона № 01 аз 22-уми августи соли 2016, қарори Раиси шаҳри Турсунзода № 1403 ва 25–уми ноябри соли 2019, қарори Раиси шаҳри Турсунзода № 572 аз 19–уми апрели соли 2021, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ №8144 аз 28–уми майи соли 2021 ва шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо №0024907 аз 7–уми ноябри соли 2022, беэътибор дониста шаванд.
Дар рафти муҳокимаи судии парванда даъвогар роҳбари Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. ва намояндаи ваколатдори ӯ С.Б. ба суд ариза дар бораи даст кашидан аз даъворо пешниҳод карда, хоҳиш намудаанд, ки истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ намояндаи ваколатдори роҳбари Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. – С.Б. аризаи пешниҳодгардида дар бораи даст кашидан аз даъворо дастгирӣ карда, баён намуд, ки тарафҳо ба мувофиқаи созиш омада баҳс аз байн рафтааст. Бинобар ин, аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи пешниҳодгардида дар бораи даст кашидан аз даъво қабул карда шуда, истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад.
Ҷавобгар Г.Б.Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ӯ К.М. дар маҷлиси судӣ, аризаи пешниҳодгардида дар бораи даст кашидан аз даъво ва баёноти намояндаи ваколатдори роҳбари Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. – С.Б.-ро дастгирӣ намуда, аз суд хоҳиш намуданд, ки истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад.
Суд далелҳои парвандаро омӯхта, баёноти намояндаи ваколатдори даъвогар ва ҷавобгар Г.Б.Ҳ. ва намояндаи ваколатдори ӯ К.М.-ро шунида ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, бо асосҳои зерин ба чунин хулоса омад.
Мутобиқи талаботи қисми 2-уми моддаи 48-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвогар ҳуқуқ дорад ҳангоми баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаҳои гуногун то қабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда дар марҳилаҳои дахлдор анҷом меёбад, аз даъво пурра ё қисман даст кашад.
Аз мазмуни аризаи пешниҳодгардида бармеояд, ки тарафҳо байни худ ба мувофиқа омада баҳс аз байн рафтааст ва зарурияти тариқи судӣ ҳал намудани баҳс ҷой надорад.
Тибқи талаботи сархати 4 қисми 1 моддаи 149 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодӣ истеҳсолоти парвандаро қатъ менамояд, агар муқаррар намояд, ки даъвогар аз даъво даст кашидааст ва ин дасткаширо суди иқтисодӣ қабул намудааст.
Бо назардошти далелҳои таҳлилгардида суд ба хулоса омад, ки аризаи даъвогар роҳбари Кооперативи тиҷорати хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. ва намояндаи ваколатдори ӯ С.Б. дар бораи даст кашидан аз даъво қабул карда шуда, истеҳсолоти парванда, қатъ карда шавад.
Қайд кардан ба маврид мебошад, ки тибқи талаботи қисми 5 моддаи 150-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди қатъ кардани истеҳсолоти парванда муроҷиати такрорӣ ба судӣ иқтисодӣ оид ба баҳси ҳамон шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо имконнопазир мебошад.
Ҳамзамон, суд масъалаи руёнидани боҷи давлатиии пардохтгардидаро мавриди муҳокима қарор дода, бо назардошти даст кашидани даъвогар аз даъво зарурияти аз ҳисоби ҷавобгарон руёнидани онро ба мақсад мувофиқ надонист.
Дар асоси нишондодҳои боло ва бо дастрасии сархати 4 қисми 1-уми моддаи 149-и Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд;-
т а ъ и н к а р д :
Аризаи даъвогар роҳбари Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. ва намояндаи ваколатдори ӯ С.Б. дар бораи даст кашидан аз даъво, қонеъ карда шавад.
Истеҳсолоти парвандаи иқтисодӣ №1-357/23 аз рӯи даъвои роҳбари Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии “Ҳ”-и шаҳри Турсунзода Р.М. дар намояндагии С.Б. ба ҷавобгарии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҳ»-и шаҳри Турсунзода дар шахсияти роҳбари ҷамъият Қ.А., ҷавобгарони дигар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода ва Г.Б.Ҳ. дар бораи бекор кардани қарори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҳ»-и шаҳри Турсунзода № 10 аз 22-уми августи соли 2016, бекор кардани шартномаи хариду фурӯши иморатҳои идора ва меҳмонхона воқеъ дар деҳаи Сешанбе № 01 аз 22-уми августи соли 2016, беэътибор донистани қарори Раиси шаҳри Турсунзода № 1403 аз 25–уми ноябри соли 2019, беэътибор донистани қарори Раиси шаҳри Турсунзода № 572 аз 19–уми апрели соли 2021, беэътибор донистани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ №8144 аз 28–уми майи соли 2021 ва беэътибор донистани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии дороиҳо № 0024907 аз 7–уми ноябри соли 2022, қатъ карда шавад.
Таъинот мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Раисикунанда Ҷалилзода Х.Р.
Напечатать страницу