Шиносоӣ бо кадрҳои навтаъиншуда

Санаи 28 феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Раиси суд Мирзозода Рустам,   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  Ализода Зариф, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод Сафарбек, судяҳо ва кормандони суд маросими шиносоии муовини якуми Раиси СОИ ҶТ Абдуллозода Зебонисо ва судяи СОИ ҶТ Аминзода Сайдабону баргузор гардид

Дар оғоз Раиси суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам муовини якуми ва  судяи навтаъиншударо ба кормандони судҳои иқтисодӣ муаррифӣ намуда онҳоро ба хотири ба ин вазифаи пурмасъули сатҳи болоии ҳокимияти судӣ таъин гардиданашон табрик намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки санани 28 феврали соли 2024 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи  аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф., ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф., ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода С.Р қабул намуданд.

Дар охир Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам судяҳои навтаъиншударо барои дар фаъолияташон барпо намудани адолати судӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу