Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ вобаста ба фаъолияти суд дар соли 2023

Санаи 08 феврали соли 2024 дар толори Суди Олии иқтисодӣ бобати иҷрои Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005 таҳти №АП-1677, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодӣ, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ баргузор гардид.

Қисмати расмии ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз гардида, номбурда ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар соли 2023 маълумоти муфассал манзур намуд.

Таъкид гардид, ки баргузории нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ оид ба ҷамъбасти соли 2023 бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти ин ҳокимият, инчунин дастраси ҷомеа гардонидани маълумот доир ба фаъолияти суд равона гардида, чунин нишастҳо ба намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият медиҳад, ки дар бораи фаъолияти ҳар як сохтори давлатӣ маълумот пайдо намуда, онро дастрасии омма гардонанд. Таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки доир ба фаъолияти мансабдорону хизматчиёни давлатӣ оид ба таври дахлдор амалӣ гардонидани ваколатҳову иҷрои вазифаҳояшон маълумот пайдо намуда, ин омил дар ниҳоят барои самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд.

Натиҷаи таҳлил, омӯзиш ва ҷамъбасти фаъолияти солонаи судҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, ки давраи ҳисоботӣ аз ҷониби марҳилаҳои якуми судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмуъ 3 137 (3 568) адад парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба 1 587 (1 719) ҳалномаи судӣ қабул гардида, 144 (127) парванда қатъ карда шуда, 221 (137) аризаҳо бебаррасӣ мононда шуда, қабули 16 (17) ариза рад карда шудааст. 4 (1) парванда ва 3 (8) ариза аз рӯи тобеияти судӣ барои баррасӣ ирсол гардидааст.

Инчунин 215 (426) аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикоятҳо беҳаракат мононда шуда, 316 (474) аризаву шикоятҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.
Дар марҳилаҳои кассатсионӣ 336 (337) парванда, назоратӣ 280 (322) парванда ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 12 парванда баррасӣ карда шудааст.

Давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 4 407 856,33 сомонӣ (4 388 008 сомонӣ) боҷи давлатӣ пардохт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 848,68 сомонӣ зиёд мебошад.
Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 976 437 833,07 сомонӣ (1 053 320 310 сомонӣ) талабот арз гардида, аз он 256 748 971,55 сомонӣ (884 415 775 сомонӣ) талаби даъво қонеъ гардида, ба маблағи 5 462 103,05 сомонӣ (19 425 027 сомонӣ) боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Бобати таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида шуда, давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомотҳо иҷрои санадҳои судӣ дар маҷмуъ оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо дарназардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда, ҷамъ ба маблағи умумии 290 825 718,86 сомонӣ (220 269 759 сомонӣ) таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли 2022 ба маблағи 70 555 959,40 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра, 33 (49) супоришҳои судӣ ворид гардида, иҷрои 23 (28) супориши судӣ таъмин гардида, 6 (16) супориши судӣ бе иҷро баргардонида шуда, 4 (3) супориши судӣ барои иҷро ба соли 2024 боқӣ мондааст.

Ғайр аз ин, 6 (4) дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид ва баррасӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра ба судҳои иқтисодӣ 854 (698) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ворид шудааст, ки аз он 329 (314) дар шакли хаттӣ, 4 муроҷиати электронӣ, 1 (2) муроҷиати телефонӣ ва 219 (254) муроҷиати шифоҳӣ зимни қабули шахсиро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои болозикр 851 муроҷиат бо риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ҳаллу фасл гардида, 3 муроҷиат барои баррасӣ ба соли 2024 боқӣ мондааст.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025 бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 4 (6) мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони марказию маҳаллӣ дар барномаи «Мурофиа» ба намоиш гузошта шуда, дар барномаи маърифати “Ҳуқуқи Шумо”, ки ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе доир ва манзури бинандагон мегардад, 28 маротиба баромад карда шудааст.

Бобати фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон дар ташкилоту муассисаҳо ва мулоқот бо аҳолӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар маҷмуъ 362 (442) маротиба вохӯрӣ доир карда, дар воситаҳои ахбори омма 190 (143) маротиба баромад ва мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонидаанд.

Ғайр аз ин, шумораи 399 (390) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд 391 (318) таъинотҳои хусусӣ бароварда шуда, 26 (22) ҷамъбастиҳои амалияи судӣ гузаронида шуда, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои риоя нагардидани қонун 88 (64) пешниҳод ирсол гардида, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ, ҷамъ 1 426 (1 207) маротиба баромадҳо карда шуда, дар рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳо 469 (422) мақолаҳои илмиву оммавӣ чоп карда шудааст.

Ҳамчунин доир ба фаҳмонидани моҳият, аҳамият ва ҷойгоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо аҳолӣ 187 (195) суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар садову симо 12 (37) маротиба баромад карда, дар рӯзномаву сомона доир ба мавзуҳои қобили таваҷҷуҳ 12 (26) мақола ва барои шарҳу эзоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо аҳолӣ 151 (251) суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар садову симо 25 (16) маротиба баромад карда, дар рӯзномаву сомона 5 (12) мақола чоп карда шудааст.

Новобаста аз он, ки соли 2023 бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст гардидааст, таҳлили фаъолият нишон медиҳад, ки то ҳол камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, озодиҳои инсон, қонуният ва адолати судию иҷтимоӣ, қарори дахлдори Раёсати Суди Олии иқтисодӣ қабул ва дар заминаи он Нақшаи корӣ барои нмсолаи якуми соли 2024 таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад.

Нишасти матбуотӣ дар руҳияи созанда баргузор гардида, намояндагони матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ саволҳи худро манзур гаронида, посухҳои дахлдор гирифтанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу