Инсон бо фарогирии тамоми мавҷудияти худ танҳо мақсад буда, он ҳатто барои амалӣ намудани беҳтарин ва накутарин иқдом васила шуда наметавонад.Маҳз инсон, шахсият дар меҳвари Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, қарор дорад. Бунёди як ҷомеаи адолатпарвар ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаву инкишофи озодона ба ҳар як сокини ин давлат, мақсади асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат баён гардид, ин дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ доштани таъмини волоияти қонун ва дар меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифтани он, ҳисобида шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр бо қабули Конститутсия давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани худро эълон дошта, бо ин амал ғояи тақсими ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба ҳақиқат табдил дод.
Ҳамин Конститутсия принсипи волоияти қонунро ҳамчун муқадастарин дастоварди башарият эътироф намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд таъкид намуд.
Дар моддаи 17-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки:-“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.”
Амалишавии принсипи волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар фаъолияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун мақоми ба амал барорандаи адолати судӣ таҷасум меёбад.
Тибқи Конститутсия аз тарафи давлат ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои арзиши олӣ эътироф гардидааст, ки ин ба фаъолияти ҳокимияти судӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Мутобиқи талаботи моддаи 84-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Асосгузори судҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳануз 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуданд, ки ҳадафи он пеш аз ҳама таъмини мустақилии ҳокимияти судӣ ва судяҳо ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ ба шумор меравад.
Бояд қайд намуд, ки пас аз қабули Конститутсия дар ҷумҳурӣ ислоҳоти конститутсионӣ оғоз гардида, дар ин раванд тамоми қонунҳои ҳамон вақт амалкунанда ба Конститутсия мутобиқ гардонида шуд ва ё дар таҳрири нав қабул гардид, ки ин яке аз нишонаҳои волоияти қонун, Конститутсия нисбат ба дигар қонунҳо мебошад.
Дар ин раванд, бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 23 июни соли 2007 таҳти № 271 «Барномаи ислоњоти судї-њуќуќї дар Љумњурии Тољикистон» тасдиќ гардида, баъди бомувафақона ба охир расонидани он боз дар ҷумҳурӣ се барномаи дигари ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид, ки ҳар яки онҳо дар таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ, мустақияти судяҳо, таъмини волоияти қонун нақши муайяни худро иҷро намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар раванди амалисозии барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар, дар назди судҳои Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллегияҳои судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмурӣ ташкил карда шуда, ваколатҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратиро бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва маданӣ мукаммал гардонида, ин марҳилаҳои судӣ қонуниву асоснок будани ҳар як санади судии судҳои марҳилаи якумро аз руи шикоятҳои шаҳрвандон мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Масъалаи таъмин намудани дастраси ба адолати судӣ, масъалаи дигари таъкид намудаи Пешвои миллат дар Паём мебошад, ки дар назди мақомоти ҳокимияти судӣ гузошта шудааст.
Дастраси ба адолати судӣ масъалаи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда буда, тибқи муқаррароти Конститутсия, ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад.Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи уро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, маданӣ ва иқтисодӣ бошад тартиби муроҷиат ба судҳоро ба танзим даровардааст.Мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои зикршуда ба забони давлатӣ ё забони аксари аҳолии маҳал сурат мегирад.Шахсони иштирокчии парванда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқ дорад бо забони модариашон дар мурофиаи судӣ баёнот ва хулоса диҳанд, баромад ва пешниҳодҳо кунанд, инчунин аз хизмати тарҷумон истифода кунанд.Хизмати тарҷумон аз ҳисоби давлат таъмин карда мешавад.
Омили дигаре, ки ба дастрасӣ ба адолати судӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад ин назаррас набудани андозаи пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳо мебошад.Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” яке аз беҳтарин қонунҳо дар самти дастраси ба адолати судӣ чӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва чӣ берун аз он ба ҳисоб меравад.Зеро танҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” андозаи ниҳоят пасти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат ба судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, дар моддаи 5-и он дар 21 ҳолат имтиёз дар намуди озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Илова бар ин, тибқи қисми 3-и моддаи 91 Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд бо дарназардошти вазъи молу мулкии шаҳрванд метавонад уро аз пардохти боҷи давлатӣ озод кунад ё андозаи боҷи давлатиро кам кунад ё муҳлати пардохти боҷи давлатиро ба таъхир андозад ё ин ки ин муҳлатро ба давраҳо ҷудо намояд.
Ба мардум расонидани иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо ин аз риоя шудани арзишҳои демократӣ ва таъмин гаштани эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд шаҳодат медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибаҳои байналхалкӣ дар таъмини уҳдадориҳои ба зимма гирифтааш пайваста кушиш ба харҷ дода, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои уро арзиши олӣ эътироф намудааст.
Бо ба инобат гирифтани ин арзишҳо санаи 25 июни соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” қабул гардид, ки дар он доираи амалӣ Қонуни мазкур ва тарзҳои дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ба таври мукамал дарҷ гардидааст.Дар ҳамин Қонун, инчунин боби махсус дар бораи ҳамкории судҳо бо васоити ахбори омма бахшида шудааст. Муҳимияти боби мазкур дар он аст, ки имрузҳо аксарияти шаҳрвандони кишвар тавасути васоити ахбори омма, аз ҷумла телевизион, радио, рузномаву маҷалла ва шабакаҳои интернетӣ иттилооти пурраро дар бораи масъалаҳои ба онҳо зарур дастрас менамоянд. Бояд қайд намуд, ки дар ин миён мавқеи шабакаҳои интернетӣ хеле назаррас буда, дар сурати ҷори гаштани суди электронӣ шаффофият дар мақомоти ҳокимияти судӣ дучанд мегардад. Айни замон дар сомонаҳои расмии судҳои ҷумҳурӣ ҳамаруза иттилоъ дар бораи фаъолияти судҳо ҷойгир карда шуда, гушаҳои гуногун оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон таъсис дода шудааст, ки бо ин роҳ ҳамкории мутақобилаи мақомотҳои ҳокимияти судӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шудааст.
Қобили зикр аст, ки то қабули қонуни мазкур низ ҳамкори байни мақомотҳои ҳоқимияти судӣ ва ҷомаи шаҳрвандӣ дар як сатҳи баланд қарор дошт. Дар ин самт аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Пленум “Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” соли 2014 қабул гардида, дар онҳо кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ ва расонидани иттилот дар бораи фаъолияти судҳо, ки яке аз воситаҳои нигоҳдошти боварии ҷомеа нисбат ба ҳокимияти судӣ мебошад, дода шудааст.
Маҳз муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгири кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳизи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд муосидат менамояд.
Ҷамъбасти солонаи фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ собит менамояд, ки судяҳо аз уҳдаи иҷрои вазифаву масъулияти ба зиммаашон вогузошта бо сарбаланди баромада, дар таъмини амалишавии сиёсати давлатӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ ва мустаҳкам намудани ҳокимияти давлатӣ нақши муассир доранд.
Напечатать страницу