Санаи 20 январи соли 2024 аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад мувофиқи НАҚШАИ қабули шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули шаҳрвандон баргузор гардид.
Мирзозода Рустам шаҳрвандон, шахсони воқеъи ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро қабул намуда, бобати пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои онҳо ба кормандон супоришҳои мушаххас доданд
Қайд кардан ба маврид аст, ки баҳри иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 марбут ба роҳандози намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе тибқи муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯзҳои шанбе аз ҷониби роҳбарияти суд қабули шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад.
Напечатать страницу

