Баргузории ҳамоиш ба муносибати  29 солагии Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 2 ноябри соли 2023 дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ба муносибати  29 солагии Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқи конститутсонӣ дар  таъмини адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.

ҳамоишро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз намуда қайд карданд, ки нақши созандагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи сарнавиштсози миллати тоҷик басо муҳим арзёбӣ мегардад.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода изҳор дошт, ки «дар таърихи ҳар миллат воқеаҳое ба амал меоянд, ки барои бунёди давлати миллӣ заминаи таърихӣ мегузоранд. 6 ноябри соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин рӯзи таърихӣ боқӣ мемонад, зеро маҳз дар ин рӯз бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардид».

Гуфта шуд, ки қабули Конститутсия баробарҳуқуқии тамоми сокинони мамлакатро эътироф намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд ва моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам меорад, таъйин сохт.

Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва  қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Бояд гуфт, ки адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ менамоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирию талошҳо ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, имрӯз яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон мебошад. Дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида,  заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу