Аҳамият ва ҷойгоҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ – Судяи СОИ ҶТ Саид С

Конститутсия истилои лотинӣ буда, маънояш сохт ва муқаррар кардан мебошад. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд “Конститутсия ин шаҳодатномаи давлат аст”. Гуфтаи зерини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҶТ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беасос нест. Зеро маҳз Конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Таввассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани Конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида ягона санади ҳуқуқии дигари баробар эътибор вуҷуд надорад.

Дар замони ҳозира Конститутсия барои пайдо ва фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд таъсири муҳим дорад. Тибқи талаботи моддаи 10 Конститутсия Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надорад.

Эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсия маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои ҷорӣ, кодексҳо аз Конститутсия сарчашма мегирад ва набояд хилофи талаботҳои Конститутсия бошад.

Мустақиман амал намудани меъёрҳои Конститутсия маънои онро дорад, ки меъёрҳои конститутсия барои дар амал татбиқ шудан ба қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ниёз надорад.

Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия пеш аз ҳама санади меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Зери мафҳуми санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” санади меъёрии ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.

Дар ҷаҳони имруза тамоми конститутсияҳоро вобаста ба шаклашон ба ду гуруҳ ҷудо мекунанд:

  1. Конститутсияҳои навишташуда.
  2. Конститутсияҳои нонавишта.

Конститутсияи навишташуда ҳуҷҷати расмӣ мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, ба он тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

Конститутсияҳои нонавишта бошад он маҷмуи одатҳо ва таҷрибаи судии ҷамъшудае мебошад ва дар қонунҳои ҷорӣ таҷассум карда мешавад. Ин намуди конститутсия ҳоло дар Британияи Кабир ва Зенландияи нав амал мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ҳуҷҷати расмии навишташуда мебошад, ки санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалкӣ қабул карда шуда, бо он санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Чи тавре, ки гуфтем Конститутсия низ як намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Аммо Конститутсия дорои хусусиятҳое мебошад, ки он аз дигар санадҳои меёрии ҳуқуқӣ фарқ мекунад.

Конститутсия дорои чунин хусусиятҳои фарқкунанда мебошад:

Конститутсия бо роҳи раъйпурӣ қабул карда мешавад. Раъйпурсӣ ин овоздиҳии умумихалқӣ оиди масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо  бо роҳи раъйпурсӣ тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд. Қарорҳое, ки раъйпурсии умумихалқӣ қабул менамояд, эътибори  олии ҳуқуқӣ дошта, ба  ҳеҷ гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд  ва иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатмист. Яъке қабул гардидани Конститутсия ва ба он ворид намудани тағйироту иловаҳоро ягон мақомоти давлатӣ бо санадҳои худ тасдиқ карда наметавонад. Зеро онро халқ бевосита дар раъйпурсӣ қабул менамояд. Қонун ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ бошад, аз ҷониби мақомоти қонунгузор қабул карда мешавад, онро палатаи болоии парлумон ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Баъди қабули қонун ба қонун рақами тартиби дода мешавад ва он дар раёсати бақайдгирии давлатии санадҳои меъёри ҳуқуқии Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои роҳбарикунандаро дар бар мегирад. Ин маънои онро дорад, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат дар худ принсипҳои муайянеро дар бар мегирад, ки он принсипҳо дар тамоми қонунгузорӣ дарҷ карда мешаванд. Масалан принсипи баробарҳуқуқӣ, ки дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст, дар тамоми қонунҳо принсипи мазкур инкишоф дода шудааст. Масалан баробари дар хизмати давлатӣ, баробарҳуқуқии зану мард ҳангоми ташкили оила, баробарҳуқуқӣ ҳангоми бастани шартномаҳои гражданӣ ва ғайра. Ва ё принсипи кафолати судии ҳифзи ҳуқуқи озодиҳо. Принсипи мазкур дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст ва дар тамоми қонунҳо ин принсип мустаҳкам карда шудааст. Масалан тибқи талаботи моддаи 8 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Конститутсия дорои хусусияти мунтазамӣ мебошад. Яъне қабули он ба давраҳои дароз бахшида шудааст. Аммо қонунҳо бошад ба муҳлати муайян низ қабул карда мешавад. Масалан Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”. Қонунҳои мазкур буҷети давлатиро дар як сол муайян мекунад ва соли минбаъда қонуни нави буҷети давлатӣ қабул карда мешавад.

Бо мақсади ҳифзи меъёрҳои конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти махсуси ҳифзи Конститутсия-Суди конститутсионӣ таъсис дода шудааст. Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионӣ” Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини волояти  меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис гардидааст.

Масъалаҳои муҳими давлативу ҷамъяитиро ба танзим медарорад. Зери мафҳуми масъалаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ин таъсис ва барҳам додани мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, тарзи фаъолияти президент, муҳлати ваколати Президент ва Парлумон, ваколатҳои рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъалаҳо фаҳмида мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои номбаргардидаро ба пуррагӣ танзим карда наметавонад ва бинобар ин ба қонунҳои конститутсионӣ ҳавола мекунад. Масалан тибқи талаботи қисми 3 моддаи 66 Конститутсия тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми сокинони кишвари азизамонро ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳниятҳо намуда, барояшон тамоми хушиҳои зиндагониро таманно мекунем. Бигзор меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва манфиатҳои давлату ҷамъият по бар ҷой бошад.

Напечатать страницу Напечатать страницу