Оғози дарсҳои забономӯзии кормандони суд

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи чаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррўза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд.

Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байналмилалӣ ва байни миллатҳо зарур аст.

Дар робита ба ин, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Бинобар ин, дар ҳамкорӣ бо Донигоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар Суди Олии иқтисодӣ омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шуд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу