Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди сиёсӣ – Асрорзода З, сардори Раёсати СОИ ҶТ

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст

                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Имсол кулли мардуми шарифи тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷашнвораи бузурги миллӣ 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.

Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам, Истиқлолият ин мустақилият, соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ аст. Мафҳуми Истиқлолият на танҳо ба даст овардани марзу ҳудуди ҷуғрофии давлат ба шумор меравад, балки дар ин замина таъсис додани шохаҳо, рукнҳои асосии аломати давлатдорӣ низ Истиқлолияти комилро ифода мекунад. Конститусия, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, муайяни сарҳад, забони давлатӣ-расми коргузорӣ ҳама дастовардҳое ҳастанд, ки метавон пас аз ба даст овадани Истиқлолият насиби ҳар як қавми соҳибдавлат бошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ дар кишварамон заминаи воқеӣ барои обод гаштани ватанамонро гузоштааст.

       Бояд тазаккур дод, ки хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳои рӯйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрӯза ва ҷашмандозӣ ба оянда водор мекунад.  Аз ин нуқтаи назар Истиқлоли давлатӣ барои миллати соҳибтамаддуни мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва мо бояд онро аз дидгоҳи фарохтару баландтар баҳо диҳем.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ҳамчун узви баробарҳуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият ин давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки бо дар назардошти мушкилиҳои солҳои 90-ум миллати куҳанбунёди мо аз ӯҳдаи он бо сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадааст.

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯй ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Баробари ба даст овадани иситиқлолият якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ, ки бо Сарварии фарзанди сулҳовар Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати содиқонаву бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия  бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қобили қайд аст, ки зинаҳои тайкардаи Истиқлоли давлатиро аз назари мушоҳида агар таҳлил кунем, соле нест, ки дар таърихи андак ба дастовардҳои беназир ноил нагашта бошем. Бунёди нерӯгоҳҳои азими энергетикӣ, бунёди иншооти муҳими давлатӣ, таъмири роҳҳои сатҳи байналмилалӣ дошта,  кушодани нақбҳо, ба истифода додани пулҳои байнимарзӣ, таъсис додани консулгароиҳову сафоратхонаҳли ватаниву хориҷӣ, қабул намудани санадҳои меёрии ҳуқуқӣ далели нуфузу эътибор ва рушди сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз дар кишвар самараи Истиқлоли комили сиёсӣ аст, ки  дастовардҳои нав ба нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар боиси устувории истиқлолият гардидааст, афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони азиз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд то ҳадафи асосии ҳар яки мо пешрафту ободии давлатамон бошад. Зеро дар сар то сари ҷаҳон моро бо номи мамлакати ягонаамон – Тоҷикистон мешиносанду эътироф  мекунанд ва ин аст, ки пешравии Ватан боиси сарбаландии ҳар яки мо мегардад.

Напечатать страницу Напечатать страницу