Истиқлол неъмати пурарзиш – Ҷалилзода Х, судяи СОИ ҶТ

Бо эълон гардидани истиклолияти давлатӣ, миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омад.

Бояд ёдовар шуд, ки истиқлолияти давлатц ва рушду такомули давлатдории навини ҷумҳурии мо махсусан баъди баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлати Тоҷикистониён интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллц Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, давоми 32-сол зина ба зина роҳи тараққиётро тай намуда истода аст.

Сиву ду сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991, руйдоди муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқуъ пайвайст ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба шумор меравад. Бо эълон гардидани истиклолияти давлатц дар арсаи байналмиллали,  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр эътироф шуда, бо рохи бунёди давлати демократи, дуняви ва хукукбунёд пеш рафта истодааст.

Тӯли 32 соли Истиқололият бо ташаббус, рохнамои ва сиёсати хиратмандонаи бевоситаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Рахмон раванди ислоҳоти ҳуқуқц тамоми паҳлуҳои ҳаёти чомеаро фаро гирифта, дар ҳамаи соҳаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқи қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлати таҳкиму рушд ёфта истодааст.

Дастоварди бузургтарини мо дар тули 32 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил  ва ваҳдати миллц, таъмини рушди устувори истиқодиву иҷтимоц, болоравии ҳисси ватандустиву ватандорц  дар миёни аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолият маънои мустақилиятро дорад. Асосан калимаи “Истиқлолият” ба мардум ё давлат мутаалиқ мебошад ва калимаи “Мустақилият” бошад ба ягон фард ва ё вазифаи ин ё он кас.

Истиқлолият доштан маънои онро дорад, ки давлат ё мардум (халқ) новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятҳо хулосаву ҳаракатҳои худро мустақилона қабулу амали месозад.

Бояд қайд намуд, ки  дар даврони Истиқлол инчунин мақомоти судии кишвар низ ба мазмуни воқеии шохаи мустакили ҳокимият ноил шуда истода, он тадриҷан зина ба зина бо такмилу тахкими қонунгузории соҳа тақвият меёбад.

Лозими ба ёдоварист, ки судҳои иқтисодии мамлакат низ ҳамчун дастоварди даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта, дар оянда низ баҳри боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани ҳаёти иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи соҳибкорӣ ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ фаъолият хоҳанд кард.

Дар ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагц ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона  кору фаъолият менамоем.

Аз ин хотир ҳар яки мо уҳдадор мебошем, ки пайваста баҳри таҳкими ваҳдати миллц, пойдории сулҳу субот ва рушду нумуи давлати соҳибихтиёри худ саъю талош намоем.

Бо орзую умедҳои нек ва боварии комил гуфта метавонам, ки дар остонаи 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони судҳои иқтисодӣ  рисолату асолати давлатдории миллиро бо пураги дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азизамон нерўю дониши худро дареғ намедоранд.

Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, мехохам тамоми халқи точикро ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлати Точикистон табрик намуда, ба онҳо тансихати, сарбаланди ва тинҷию осудагии кишварамонро орзу намоям.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад !

Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Напечатать страницу Напечатать страницу