Шанбеги ва ободонӣ

Бо мақсади иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ дар гирду гушаи ҷумҳуриамон вусъати тоза касб менамояд.

Дар ин ҷараён бо иштироки кормандонӣ  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои суд ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати кормандон сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи суд саҳм гузоштанд.

Чун анъанаи неки шаҳрдорӣ дар корҳои ободонӣ рӯзҳои шанбе аҳли кормандон, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гӯшаву канори бинои суд бо ташаббусҳои созанда дар ин рӯзҳо бо мақсади боз ҳам зебову дилрабо гардидани симои пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.

Напечатать страницу Напечатать страницу