Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023

Санаи 07 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бобати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677 аз 04 марти соли 2005 ва Нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023 оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст доир ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти мухтасар манзур гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки  нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1592 (1803) адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211 адад кам мебошад. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 810 (857) парванда, истеҳсолот доир ба 69 (73) парванда қать карда шуда, 144 (72) аризаҳо бебаррасӣ мононда шудааст. Қабули 7 (7) ариза рад карда шуда, 1 (1) парванда аз рӯи тобеият ва 255 (474) арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҷавобгӯй набуданашон баргардонида шудаанд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 150 (166), дар суди марҳилаи назоратӣ 149 (153) ва дар Раёсати Суди Олии  иқтисодӣ 7 парванда баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра, зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба судҳои иқтисодӣ 1 153 617,09 (1 810 070) сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст.

Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ ба маблағи умумии 96 557 834,84 (394 854 668) сомонӣ талабот арз гардида, ба маблағи 70 765 879,58 (380 218 730) сомонӣ қонеъ ва ҳамзамон ба маблағи 1 423 411,18 (7 567 727) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Барои таъмини иҷрои маблағҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида варақаи иҷро дода шудааст.

Кор дар самти иҷрои санадҳои судӣ нисбат ба солҳои пештар беҳтар гардида, судҳои иқтисодӣ ҳамкориро бо воҳидҳои сохтории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳо тақвият додааст, ки дар натиҷаи ин ҳамкориҳо, иҷрои санадҳои судӣ дар бораи ба фоидаи давлат рӯёнидани боҷи давлатӣ ва зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти иҷрои санадҳои судии солҳои қаблӣ дар маҷмуъ ба маблағи 261 166 859 (111 304 484) сомонӣ таъмин карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 149 862 375 сомонӣ ё  135 % зиёд мебошад.

Баҳри иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 235 (177) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, дар 235 (196) ҳолат вайронкунии қонунро муайян намуда, барои бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки барои вайронкунии қонун асос гардидаанд, таъинотҳои хусусӣ қабул ва барои тадбирҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол карда шудааст. Инчунин бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи ягонаи судӣ дар ин давра 16 (12) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 51 (38) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.

Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 2 (4) мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони Тоҷикистон дар барномаи “Мурофиа” ба намоиш гузошта шуда, дар барномаи маърифати “Ҳуқуқи Шумо”, ки ҳафтаи як маротиба дар Муассисиаи давлатии “Ҷаҳоннамо” сабт карда мешавад, судяҳо иштирок ва 13 маротиба баромад намуданд.

Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ 805 (697) маротиба баромадҳо, дар рӯзномаву сомонаҳо 220 (180) мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонида шудааст.

Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, нимсолаи якуми соли равон ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 24 (20) супориши судӣ ворид, аз ин 17 баррасӣ гардида, 7 адад барои баррасӣ ба нимсолаи дуюми соли 2023 боқӣ мондааст. Ғайр аз ин, 2 (2) дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид ва баррасӣ карда шудааст.

Сипас намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳабрияти Суди Олии иқтисодӣ посухҳои мушаххас дода шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу