Иштироки Расиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дар чорабиниҳои идона бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом

Мувофиқи Рӯйхати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар таҷлили 26 солаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд, Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ба шаҳри Конибодом сафарбар гардиданд.

Аз санаи 7 то 9 сентябр бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чорабиниҳои фарҳанги баргузор гардид аз ҷумла дар толори Кохи фарҳанги «Бодом» ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуда, дар он роҳбарияти шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои деҳот, афсарону сарбозони қисми низомӣ, сарварони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, занону ҷавонон ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.

Дар даромадгоҳи Кохи фарҳангӣ намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун, ҳамзамон маҳсули эҷодиёти дастпарварони кӯдакистонҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва рассомон доир гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қаландарзода М.С. дар маҷлиси тантанавӣ баромад намуда, мардуми Конибодом ва сокинони кишварамонро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар бораи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, вазифаҳои ҳар як шаҳрванд доир ба рушду бақои давлати соҳибихтиёр, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ободонию пешрафти мамлакати азизамон сухан карданд.

Сипас, барои иштирокдорони чорабинии идона барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар васфи ваҳдату якпорчагӣ, ҳамдиливу нишоти мардуми сарбаланди тоҷик бахшида шуда буд. Худи ҳамон рӯз дар боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр сайругашти оммавии шаҳрвандон ва барномаҳои консертӣ ташкил карда шуданд.


Напечатать страницу Напечатать страницу