Иштироки муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Хайриддинзода А. ва судяи ҳамин суд Ҷалилзода Х дар сеюмин Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ “Tashkent Law Spring” дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Санаи 17 то 18 майи соли ҷорй дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сеюмин Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ “Tashkent Law Spring” баргузор гардид.

Бо назардошти аҳамияти байналмилалӣ доштани чорабинии мазкур дар он муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Хайриддинзода А. ва судяи ҳамин суд Ҷалилзода Х иштирок намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ бо дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистан баргузор гардида, дар он зиёда аз як ҳазор нафар намояндагони ҷомеаи ҳуқуқӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналмилалй ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ ширкат намуданд.

Дар шароити тағйиротҳои глобалӣ дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар ҷанбаҳои муколамаи мустақим ва ошкоро оид ба мушкилоти асосии рушди давлат ва ҳуқуқ, ҳамчунин омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аз ҷумла дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ва шарикй, аҳамиятнок ва арзишманд мегарданд.

Мувофиқи барномаҳои гуногунҷанбаи форум, ба иштироккунандагон имкониятҳои беназирро барои муоширати пурмазмун оид ба масъалаҳои ҳуқуқии муҳим, гузаронидани вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо, таъсис ва рушди муносибатҳои корӣ, мубодилаи таҷриба ва дастовардҳо дар соҳаи иҷтимой, таҷрибаи пешқадами ҳуқуқй, пешбинӣ гардид.

Дар кисмати асосии ҷаласаи Форум, Вазирони адлияи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, собиқ вазири адлияи Олмон Герта Дойблер-Гмелин, собиқ Сарвазири Словения Мирослав Серар, Прокурори генералии Чумҳурии Узбекистан, Директори генералии созмони байналмилатии хуқуқи рушд (IDLO) дар мавзӯи “Ҳуқуқҳои бунёди ҳамчун арзишҳои абатӣ” суханронй намудаанд.

Ҳамчунин рӯзи 18 май дар идомаи чорабини мазкур дар бахшҳои он иҷроқунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Тошканд факултеп: хукукшиносӣ Исломбек Р. ва Директори марказии медиатсияи Тошканд Диорбек Кимсанов доир ба мавзӯи “ҳалли алтернативии баҳсҳо: аз медиатсия то арбитраж”, инчунин Сардори академияи ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Евгений К. ва Муовини директории Агентии муқовимат бо коррупсия дар назти Президента Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умеда Тухташева дар мавзӯи “Стёсан: зиддикоррупсионй”, Директори Марказии такмили ихтисоси ҳуқуқшиносон тар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Р. дар мавзӯи “Каттхои хуқукӣ барои замонҳои муосир”, ва ҳамчунин Директори Филиали Института идоракунии Шарқӣ-Ғарбӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Соня Простран, Раиси шӯрои олии судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Холмумин Едгоров, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистан Нодира Ҳакимова дар мавзӯи “Дастраси ба адолати судӣ” суханронӣ намуда бо шунавандагон мубодилаи афкор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Форум дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба иштирокчиёни он таъсуроти нек бахшид, зеро чорабинӣ метавонад ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ заминагузор бошад.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу