Ҷавонон ояндасози давлату миллати тоҷик – Ёрдамчии Судяи СОИ ҶТ Султонзода Ҷ

Сиёсати имрӯзаи давлати азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе фаъолияти мутахассисони ҷавон тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ҷавонон на танҳо ояндасоз, балки сиёсати пешбарандаи давлату миллати тоҷик мебошанд. Бояд гуфт ки густариши давлат аз ҳисси баланди ватандӯстӣ сарчашма мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пазируфта шуда, қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки барои дар сатҳи муосир пеш бурдани сиёсати давлатдорӣ, аз ба дастории ғизои маънавӣ, яъне омӯзиши илму технологияи ҳозиразамон ғофил намонанд, зеро ояндаи давлат аз шуурнокӣ ва мафкураи солими ҷавонон вобастагӣ дорад.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки имрӯз қисми асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар мақомотро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон дар ҷузъу томҳои қушунҳои миллӣ хизмат намуда, Ватанро ҳимоя менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 майро ҳамчун «Рӯзи Ҷавонон» эълон намуд, ки ҳамасола ин иди муқаддас ҷашн гирифта мешавад. Ҷавонон пешбарандаи миллат, давлат, таърих, фарҳанг, расму ойин ва забони тоҷик мебошанд. Чи тавре, ки дар урфият мегӯянд, ояндаи давлату миллат дар дасти худи ҷавонон аст.

Барои муаррифӣ кардани миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷавонро мебояд, ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русиву англисӣ машғул шаванд. Тафаккур, маданият, тамаддун ва таърихи давлатдории худро дар байни дигар мардум муаррифӣ карда тавонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Варзиш як рукни солими аҳолӣ буда, нақши ҷавонон дар ин самт басо ғанӣ мебошад. Зеро машғул шудан ба варзиш на танҳо, тани ҷисмонӣ, балки ба руҳияи шахс таъсири мусбӣ мерасонад. Ҷавонони тоҷик ба варзиш майлу рағбати беандоза дошта, дар бисёр мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ғолибият ба даст меоранд ва Парчами Тоҷикистони азизро дар байни дигар давлатҳо парафшон месозанд.

Мо ҷавонон, имрӯз ифтихор аз он дорем, ки дар чунин давлати орому осоишта зиндагӣ дорем ва худро вазифадор медонем, ки барои давом додани сиёсати давлатдорӣ ва густариши миллат, ҳамеша саҳмдор бошем.

Нақши ҳамоҳангсозандаи ҷавононро ба инобат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли гузашта,  «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро қабул намуд.

Ҳадаф аз қабули барномаҳои мазкур ин тақвият бахшидан ба ҳисси ватандӯстии ҷавонон, боз ҳам қавитар гардонидани ҳуввияти миллии онҳо, ҳамчунин беҳтар намудани шарту шароити зиндагии сокинони мамлакат, аз ҷумла ҷавонон иборат мебошад.

Умед дорем, ки ҷавонон ин ғамхориҳои Ҳукумати мамлакатро дуруст дарк намуда, дар пайрави аз сиёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам рушд кардани ватани азизамон ва баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ саҳми босазо мегузоранд.

Напечатать страницу Напечатать страницу