Санаи 22 майи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Саравал доир ба иҷроиши саривақтии Нақшаи кории Суди Олии иқтисодӣ таъкид гардида, ҳамзамон вобаста ба бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намудани нимсолаи якум, ҷонноқ намудани фаъолият дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси суд супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идома доир ба парвандаҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар дархосту пешниҳодҳои дар истеҳсолоти суд қарордоштаро суханрони гардида, таъкид карда шуд, ки маводҳои дар истеҳсолот қарордошта дар доираи талаботи қонун ва муҳлати муқарраргардида баррасӣ карда шуда, иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулгардида таъмин карда шавад.
Ҳамчунин доир ба интизоми меҳнат таъкид намуда. қайд карданд, ки риояи интизоми меҳнат аз тарафи кормандондон бояд қатъи риоя карда шавад.
