Санаи 11 то 13 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ХI–умин Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Бо назардошти аҳамияти байналмилалӣ доштани чорабинии зикршуда, дар кори он Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. ва роҳбари дастгоҳи ҳамин суд Қаҳҳорзода Ҷ. иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Форуми байналмилалии ҳуқуқӣ бо дастгирии Президенти Федератсияи Россия баргузор гардида, чун анъана, зиёда аз 4 ҳазор намояндагони ҷомеаи ҳуқуқӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва академии Россия ва кишварҳои хориҷӣ ширкат намуданд.
Дар шароити тағйиротҳои глобалӣ дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар ҷанбаҳои муколамаи мустақим ва ошкоро оид ба мушкилоти асосии рушди давлат ва ҳуқуқ дар маҷмуъ ва ҳуқуқи байналмиллалӣ, аз ҷумла дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ва шарикӣ, аҳамиятнок ва арзишманд мегарданд.
Мувофиқи барномаҳои гуногунҷанбаи форум, ба иштироккунандагон имкониятҳои беназирро барои муоширати пурмазмун оиди масъалаҳои ҳуқуқии муҳим, гузаронидани вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо, таъсис ва рушди муносибатҳои корӣ, бастани созишномаҳо, мубодилаи таҷриба ва дастовардҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, таҷрибаи пешқадами ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо намоишгоҳҳои соҳавие, ки дар майдони Форум ҷойгир шудаанд, пешбинӣ гардид.
Форум рӯзи 11 майи соли 2023 дар маҷмааи ЭКСПОФОРУМ оғоз гардида, аз шаш бахш иборат буд. Роҳбарияти суд дар бахши панҷум “Адолати судӣ ва ҳалли баҳсҳо: воқеият ва уфуқҳои нав” дар мавзуъҳои “Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ: имкониятҳо ва вазифаҳои нав ва “Адолати судии иқтисодӣ: роҳҳои беҳгардонии он” ширкат намуданд.
Дар санаи 12 май соати дар мавзӯҳои “Арбитражи байналмилалӣ ва буҳрони эътимод” ва
“Адолати судӣ дар асри 21” иштирок намуда, бо намояндгони давлатҳои дигар мубодилаи афкор карда шуд. Дар идома, дар қисмати асосии ҷаласаи Форум дар мавзӯи “Истиқлолияти ҳуқуқ” ширкат намуданд, ки дар он муовини Раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Д.А. Медведев, Вазири адлияи ҳамин кишвар Чуйченко К.А., намояндагони вазоратҳои адлия, судҳои давлатҳои ИДМ, Ҳиндустон, Миянма, Туркия, Африко, Эфиопиё; Ташкилотҳои байналмилаливу байнидавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии минтақавию маҳаллӣ, инчунин намояндагони ВАО-и Федератсияи Россия ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.
Рӯзи санаи 13 май роҳбарияти суд дар мавзӯи «Ҳамкории арбитражӣ бо дигар намудҳои алтернативии ҳалли баҳсҳо” ширкат варзинанд. Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург бегоҳии рузи 13 май ба анҷом расид.
