Санаи 21 майи соли 2023 кормандони Суди Олии иқтисодӣ дар Дави миллӣ , ки ҳамасола дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, иштирок намуданд.
Чи тавре, ки дар чорабини қайд гардид, мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.
