ОБ МАНБАИ ЗИНДАГИСТ – Судяи СОИ ҶТ Раҷабзода П.

Аз чаҳор унсури экологие, ки зиндагии инсон бидуни онон имконнопазир аст, муҳимтаринаш об ҳисоб меёбад. Оре об – ин ҳаёт дар рӯи замин аст! Аз мавҷудоти зиндаи якҳучайра сар карда, то ба набототу ҳайвон ва инсон маҳз дар муҳити об меафзоянду то лаҳзаи фавт ба об эҳтиёч доранд.

Об дар радифи хоку боду оташ аз унсурҳои табии ҳаётофарин аст, ки олами табиат милиардҳо сол аст, ки аз ваҳдату зиддияти чаҳор унсур ба ҳаёти худ муқовимат мебахшад.

Дар ибтидои қарни 21-дар ҷаласаҳои сатҳи байналмиллалӣ проблеммаи оби тоза мавқеъи махсус пайдо намуд, зеро нарасидани оби тоза боиси хавотири ҷадидии аҳли ҷомеъа гардидааст.Дар кишварҳои суструшдёбанда ва навинкишоф нарасидани оби тозаи нушиданиро бештар эҳсос намуда, барои ҳалли ин мушкилот аз тамоми имкониятҳо истифода мебурдагӣ шуданд.

Вокеъан ҳам об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, сарсабзию шукуфоӣ ва пойдории олам ба он сахт марбут аст.Бешубҳа дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишонаи ҳаёти зинда, абадӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад.Об дар ташаккули ҷинс нақши муҳим дошта, маҳз ба василаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меоянд.

Аз чор се ҳиссаи кураи замин аз об иборат буда, қисмати зиёди он шуру талху корношоям ва ба талаботи экологӣ чавобгуй нест.Танҳо як фоизи он ширин буда, ба эҳтиёҷоти ошомиданиву кишоварзӣ ва истехсолии ҷаҳониён ба кор бурда мешавад.

Аз қадимулайём то ба имруз аз чаҳор унсури муқаддасе, ки сабаби ҳастиву бақои оламу ҳаёт мебошанд, яке об аст, лекин мутаъсифона аз бемасъулиятию беэҳтиётӣ ва ғайриоқилона истифода намудани ин неъмати бебаҳои табиат дар рӯи замин ҳазорон одамон дар орзуи ин атои муъҷизанок ҷон медиҳанд.

Агар Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо қиёс кунем сад бор шукрона бояд гуфт ба ин тақдири баланде, ки Парвардигор моро раво дидааст.Зеро тамоми обҳои Ватани мо ширину ошомиданианд.Онҳо аз пиряху тарма ва чашмаҳои куҳӣ ибтидо гирифта, то маскани мо чорӣ мешаванд.

Хушбахтона Тоҷикистон аз дороии захираҳои об яке аз ҷойҳои намоёнро  ишгол  менамояд.Эҳёи ҳар қатра оби мусаффои кишвар шоиста буда,  далели рисолати тафаккури аҷдодист.

     Мо мардуми тоҷик чун узви комилҳуқуқи ҷомеъа бояд обро муқаддас дониста, оби чашмаву дарёҳоро пок нигоҳ дорем. Фаромуш набояд кард, ки оби тоза асоси ҳаёти солим ва неъмати бебаҳои худододро поку беолоиш нигоҳ доштану ба ояндагон мерос мондан қарзи ҳар як инсон аст.

Ба эътирофи љомеаи байналмилалї дар давоми бист соли охир Тољикистон ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардидааст.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муааззаму мукаррами кишвар,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд намуданд: “мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дониста, дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод”.

Напечатать страницу Напечатать страницу