Паём ҳамчун ҳуҷҷати ҳадафманд ва муайянкунандаи дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеъа аз ҷумла, муносибатҳои ҳуқуқии ҷомеъаро дар як даври муайян ҷамъбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷро намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ, амали гардонидани барномаҳои суди-ҳуқуқӣ ба хотири ҳали масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва тарбияи аҳолӣ, муайян мекунад.
Масъалаи муҳиме, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид мегардад ва бе тадбиқи амалии он расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ғайриимкон аст, ин дуруст муайян намудани ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ мебошад. Устувории давлатдории минбаъдаи мо аз таҳкими бемайлони заминаҳои ҳуқуқии он вобаста аст. Чуноне ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ба сӯи ояндаи ободу осуда қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат аз бобарор будани соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шудаанд. Гузашта аз ин изҳор карда шуд, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле муракаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳилаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар робита ба ин Пшвои миллат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуд, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.
Ҳадафҳои дар Паёми Пешвои миллат омада, чуноне ки изҳор доштанд, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, онҳо аз заҳмати содиқона ба нафъи Ватани азизамон равона гардида, корҳои бунёдкориву созандагӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва кӯшишу талоши аҳлонаи тамоми мардуми Тоҷикистон вобастагии амиқ доранд. Ҳамзамон, муттаҳидӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарки манфиатҳои давлатию миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллӣ шарти зарурии расидан ба ҳадафҳои конститутсионии ва бунёди давлати иҷтимоӣ ҳамчунин таъмини некуаҳволии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.
Гузашта аз ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани стратегияҳо, бармномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар тақозо менамояд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва бо сифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Ин масъала дар навбати худ ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо убъектҳои дорои ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд. Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.
Бинобар ҳамин ҳангоми ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро вазифадор намуданд, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Мо кормандони ҳокимиятии судӣ аз пешниҳоди Сарвари давлат, ки дар Паёмҳои қаблиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати омӯзиши ҳатмии Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, карда буданд истиқбол менамоем.
Бояд зикр намуд, ки Паём ҳуҷҷати олии сиёсию ҳуқуқи маҳсуб ёфта мо, кормандони ҳокимияти суди дар фаъолияти минбаъдаи худ низ, ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун дастурамали кории ҳар рузаи худ қарор дода, дар татбиқи бандҳои он, ки баҳри таҳкими ҷомеаи адолатпарвар, пешрафти ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нигаронда шудаанд, кушиш хоҳем кард.
Муовини раиси Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода А.
Напечатать страницу