Навруз — яке аз кадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобхои таърихи омадааст. Аввалин касе ки уро чашн гирифт як подшохи форс бо номи Чамшед буд.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21 марти худуди шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, Наврӯз фаро мерасад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳакро дорад, ки Соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо руҳи сиёсӣ доир карда мешавад.
Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaккинони ойинҳои Наврӯзи бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои Туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Маркази равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбекҳо, Кирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳанги, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофиёи густариш ёфтаааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Дехнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми тахҷоии ин мантиқ тоҷик ҳастанд, сунан ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми Узбек низ бо чунин расм аз навруз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Узбекистон ғазои наврӯзӣ — саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.
Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробари Баҳор, рузҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуни гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Точикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рузҳои истироҳатӣ мебошад. Қадимтарин манбаъи иди Наврӯз — ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чихеле ки дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён. Дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чи тавре ки маълум аст дар 21 марти дар баҳори шабу рӯз баробар шуда ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин тахи дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар куҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилвар дода равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номидан ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд.
Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расми оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин меросии халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштинги паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд, хона меороянд, ҳама ҷоро пок мекунанд, либоси нав мепӯшанд, бӯйи хуш дуд медиҳанд, гулу шириниву шарбат мениҳанд ва дар дастархон ҳафт чиз, ки номашон бо ҳарфи «син» шурўъ шуда бошад, мисли сабза, себ, санҷид, сумалак, сирко, сир, сипанд мегузоранд.
Вализода Фаррух –
Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмиллали ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Напечатать страницу