Таҳкими мавқеи зан дар ҷомеаи навини Тоҷикистон – Аминзода Зокир, муовини Раиси СОИ ҶТ

Имрузҳо, ки мо дар арафаи ҷашнгирии Иди байналмиллалии занон, 8 март қарор дорем бо ифтихор метавон гуфт, ки зани тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи муайяни худро касб намудааст.

Зани тоҷик собит сохт, ки метавонад дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кор ва фаъолият намояд.Акнун зани тоҷик ба ғайр аз Бонуи хонадон ва модару хоҳари меҳрубон будан, сиёсатмадор, ҳуқуқдону иқтисодчӣ, муҳандису корманди тиб, муаллимаву варзишгар ва соҳиби даҳҳо касбу кори дигар, мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз зани тоҷик дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, ки:-“Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.”

Дар ин радиф, бояд махсус таъкид намуд, ки маҳз баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти занон ва бонувони тоҷик таҳавулоти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба вуқуъ пайваст. Маҳз дар ҳамин давра сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас гардида, масоили беҳтар гардонидани шароити занон самти афзалиятноки сиёсати давлат қарор гирифт.

Соли 1999 Фармони таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” қабул гардид, ки барои зани тоҷик санади тақдирсоз ва бебозгашт ба ҳисоб меравад.

Роҳбари давлат дар тамоми давраи фаъолияти пурсамари хеш сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти интихоб ва ҷобаҷогузории кардҳои ҷавону лаёқатманд ва тарбияи мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи мамлакат аз ҳисоби занон ва духтарони тоҷик афзалиятнок ҳисобида, баланд бардоштани мавқеи зани тоҷикро дар ҷомеа басо муҳим мешуморанд.

Имрузҳо занон ва духтарони тоҷик бо қаноатмандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омоли худ расида, шукр аз он доранд, ки дар Тоҷикистону озоду обод умр ба сар мебаранд.

Боиси зикр аст, ки ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар давоми зиёда аз 30 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 санади муҳим дар самти таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа қабул гардида, яке аз сиёсатҳои муваффақона дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.Аз ҷумла дар ин солҳо “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №196 аз 30.04.2004 сол  дар бораи “Дастрасии занони деҳот ба замин”,  аз 29.08.2015 сол дар бораи “Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”” қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи байналмиллалӣ низ яке аз давлатҳои пешкадам дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои занон ба шумор рафта, аз миёни собиқ давлатҳои ИҶШС, Конвенсияҳо “Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зуроварӣ нисбат ба занон” ва “Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии замонон”-ро ба имзо расонида, онро ҳамчун қисми таркиби қонунгузории худ мавриди иҷро қарор додааст.

Зан дар ҷомеаи тоҷик ҳамчун неруи созанда, бунёдкор ва соҳибмаърифат эътироф гардидааст. Маҳз ҳамин хислатҳост, ки роҳбари давлат дар ҳамаи вохуриҳои хеш ҳатман боварӣ ва эътимоди худро ба занон, модарони тоҷик баён месозанд. Нақши модар дар таълим ва тарбияи фарзандон, омӯхтани забон, таъриху фарҳанги миллӣ ва донишҳои муосир басо бориз ва барҷаста мебошад.

Бояд қайд намуд, ки занону бонувони лаёқатманд руз аз руз ва беш аз пеш ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат ҷалб гардида истодаанд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он фаъолияти занон ва духтарони тоҷик дар Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Имрузҳо дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 3 нафар занон дар ҳайати роҳбарикунанда, ки як нафари онҳо раиси суд, 5 нафар ба ҳайси судя ва зиёда аз 18 нафар дар вазифаҳои гуногун кор ва фаъолият намуда истодаанд. Маврид ба таъкид аст, ки дар як соли охир шумораи кормандони судҳои иқтисодӣ аз ҳисоби занон ва духтарони тоҷик зиёдтар гардида, дар амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти Суди олии иқтисодӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодааст.

Фаъолияти Бонуи тоҷик ба ҳайси судя, ҳамчун шахси ба амалбаровардани адолат, ҳифзкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои дигар шахсон, худ яке аз намунаҳои барҷастатарини таҳкими нақши зан дар ҷомеаи имрузаи Тоҷикистон мебошад.

Ид муборак, модарон, хоҳарон ва Бонувони бисёр азизи Тоҷикистон !

Напечатать страницу Напечатать страницу