Ҷаласаи Шӯрои раисони судҳои олии (болоии) давлатҳои аъзои ИДМ ба тариқи видео- конфронс (онлайн)
Санаи 20 феврали соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои раисони судҳои олии (болоии) давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд – Шӯро) ба тариқи видео- конфронс (онлайн) баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиен Шермуҳаммад, Раиси Суди Олии Федератсияи Россия Лебедев Вячеслав Михайлович, Раиси Суди Кассатсионии Ҷумҳурии Арманистон Тадевосян Лилит Зелимовна, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон Мергалиев Асламбек Амангелдинович, Базарбеков Замирбек Курамаевич Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон Исламов Бахтияр Джахангирович, Раиси Суди иқтисодии ИДМ Каменкова Людмила Эдуардовна, муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Беларус Калинкович Валерий Леонидович ва аз Кумитаи иҷроияи ИДМ Лебедев Сергей Николаевич, Заудальская Лариса Константиновна ва Астрейко Василий Викторович.
Шӯро асосан ҷиҳати таҳияи принсипҳо ва қоидаҳои мувофиқашудаи ҳамкорӣ байни судҳо, таъмини ташкилии он ва мусоидат ба татбиқи амалӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои ҳуқуқии байнидавлатӣ дар соҳаи судӣ ва тавсеаи механизмҳои расонидани кӯмаки мутақобилаи ҳуқуқӣ байни мақомоти судӣ созмон дода шудааст.
Бояд қайд кард, ки ин ҷаласаи Шӯро бори аввал пас аз ба имзо расонидани Созишномаи байнидавлатҳо оид ба таъсиси Шӯрои раисони судҳои олии (болоии) давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Шӯрои мазкур дар заминаи Шӯрои раисони судҳои олии арбитражӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки парвандаҳои баҳсбарангезро дар соҳаи иқтисод ҳал мекунанд, аз 15 октябри соли 2021 ташкил карда шудааст. Дар ҷаласаи баргузоргардида масъалаҳои ташкилӣ марбут ба фаъолияти Шӯро аз қабили тасдиқи Раис ва ҳамраиси Шӯрои раисони судҳои олии (олии) давлатҳои аъзои ИДМ ва як қатор масъалаҳои дигар баррасӣ шуданд.
Маҷлис бо суханони истиқболи дабири кулли ИДМ Лебедев С. Н. инчунин бо сухани ифтитоҳӣ иштирокчиени дигари шӯро оғоз гардид.
Сипас масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- Дар бораи тасдиқи Раис ва ҳамраиси Шӯро;
- Дар бораи регламенти и Шӯрои раисони судҳои олии (болоии) давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- Дар бораи ба ФГБОУВО «Донишгоҳи давлатии адлияи русия ” додани мақоми ташкилоти асосии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи тайерӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои системаҳои судӣ;
- Дар бораи таъин намудани роҳбари котибот (котиби) Шӯро ва муовини ӯ;
- Дар бораи макон ва вақти баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро.
Дар натиҷаи баррасии масъалаҳо, бо қарори Шӯро Раиси Шӯро Раиси Суди Кассатсионии Ҷумҳурии Арманистон-Тадевосян Лилит Зелимовна ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Беларус – Сукало Валентин Олегович хамраиси Шуро тасдиқ карда шуданд.
Маркази матбуоти ОСИ ҶТ
Напечатать страницу