Ҳамоиш оид ба омӯзиши матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 декабри соли 2022 дар мавзуи «Таъмини адолати судӣ дар меҳвари паёми Пешвои миллат»

Санаи 27 январи соли 2022 бо мақсади иҷрои банди 1 Нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ,  доир ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2022 ҳамоиш доир гардид.

Ҳамчунин дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ва мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сайнозимзода Фирӯз иштирок доштанд.

Ҳамоишро Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, оғоз намуда қайд карданд, ки Сарвари давлат бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун чароғи роҳнамои фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.

Ёдовар шуд, ки сарвари давлат зимни суханронӣ  иброз намуданд, ки “Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.

Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд.”

Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сайнозимзода Фирӯз ва судяи Суди Олии иқтисоди Муминзода Қутбиддин баромад намуда, зимни баромадҳои худ нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Паёми мазкурро роҳбарият, судяҳо ва кормандонии дастгоҳи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи фаъолияти қарор дода, бобати иҷроиши он, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ҷиҳати амалишавии он чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу