Санаи 06.01.2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа Роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс, муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва раисон ва судяҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Мутобиқи рӯзноми маҷлис оид ба ҷамъбсти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар соли 2022
муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Файзалӣ маърӯза намуда, сипас ахбороти муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода Зокир оид ба натиҷаи фаъолияти марҳилаи кассатсинӣ ва назоратӣ шунида шуд. Сипас доир ба натиҷаи фаъолият Раисони суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баромад намуданд.
Дар идомаи маҷлис натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳури барраси гардида вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир Лоиҳаи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисоди дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби муовини Раис Аминзода Зокир ироа гардид, ки аз тарафи аъзоёни Раёсати Суди Олии иқтисодӣ якдилона қабул гардид.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу





