
Санаи 9 декабри соли 2022 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, маҷлиси Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷ шикояти назоратии Зайниддинов Шамсиддин Нуриддинович аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 17 декабри соли 2018 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 19 марти соли 2019, шикояти назоратии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи “А.Ҷумаев”-и ноҳияи Б.Ғафуров аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 11 августи соли 2021 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 28 октябри соли 2021, эътирози Раиси Суди Олии иқтисодӣ аз 2 июли соли 2018 нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 22 декабри соли 2016 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 28 феврали соли 2017, шикояти назоратии сардори хоҷагии деҳқонии “Зариф С”-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон – Қармишев С.Х. ва намояндаи ваколатдори ӯ – Муҳаммадалии Нуралӣ нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз 7 феврали соли 2018 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодӣ аз 15 майи соли 2018 мавриди барраси қарор дода шуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу

