
Санаи 06 декабри соли 2022 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис Раис, муовини якум ва муовинони Раис, судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода иштирок намуданд.
Дар маҷлиси Пленум масъалаҳои зерин баррасӣ шуда, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд:
Масъалаи 1. Пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Масъалаи 2. Пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Масъалаи 3. Лоиҳаи қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи фармонӣ”;
Масъалаи 4. Тасдиқи бланки расмии фармони судӣ.
Масъалаи 5. Пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кам намудани ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Масъалаи 6. Пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани судяҳо;
Масъалаи 7. Пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани судяҳо;
Масъалаи 8. Пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани судяҳои бозхондшуда;
Масъалаи 9. Пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани судяҳо.
Напечатать страницу