Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ‘’ дар бораи сари вақт омода намудани судҳои иқтисодӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ карда шудааст.
Бобати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур, яъне ташкил намудани фурӯши маҳсулоти хурока, аз ҷониби роҳбарияти суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои суд ярмарка фуруши маҳсулоти нияёзи аввал аз қабили картошка, пиёз, биринҷ, шакар ва равғани растанӣ ташкил карда шуд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу

