Қутбиддин Муминзода, судяи СОИ ҶТ – МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ё чанд мулоҳиза оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”

Таи солҳои охир масъалаи ҷалби наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ва чигунагии хизмати ҳарбӣ миёни гурӯҳҳои алоҳида, расонаҳои дохиливу хориҷӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ба баҳс кашида мешавад. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари хизмати ҳатмии дусола пешниҳод мекарданд, ки бояд хизмати алтернативӣ ҳам ҷорӣ карда шавад. Онҳо бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷа ва бартарияти ин гуна роҳандозӣ кардани хизмат бо боварӣ изҳор медоштанд, ки чунин шакл ҳам ба нафъи ҷомеа ва ҳам давлат хоҳад буд.

Дар баробари ин Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар замони Истиқлолияти давлатӣ хеле пешрафта, дар хизмати ҳарбӣ дигаргуниҳо ба амал омад. Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” 20 сол сипарӣ шуда, воқеан ҳам зарурати ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мутобиқ намудани он ба миён омада буд. Ҳар кадоми мо шоҳиди гардиши ҷиддӣ дар вазъи низомии ҷаҳон ҳастем. Ҳар кишвар дар роҳи дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ва давлатии худ қарор дорад. Аз ҷумла, Артиши миллии Тоҷикистон низ, ки аз дастовардҳои асосии даврони соҳибистиқлолии давлатии мост.

Бо назардошти ҳамин нукта ва ниёзҳои ҷомеаву дигаргуниҳои дар қонунҳои амалкунанда бамиёномада, зарурат пеш омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бознигарӣ карда шавад ва дар таҳрири нав қабул гардад.

Хушбахтона соли гузашта аз ҷониби парлумони кишвар ин қонун мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт ва 25 январи соли гузашта қарори дахлдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷонибдории тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бароварда шуд. 29 январи соли 2021 таҳти рақами 1753 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери ин қонун имзо гузоштанд.

Пас аз мавриди  амал гирифтани Қонун ҳанӯз ҳам миёни ҷомеа баъзе нофаҳмиҳо вобаста ба бандҳо ва моддаҳои алоҳидаи он вуҷуд дорад. Вобаста ба баъзе нозукиҳои ин масъала мехоҳем равшанӣ андозем.

Яке аз навовариҳои асоси Қонун ин ҷорӣ гаштани шакли нави хизмат, яъне “хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” мебошад, ки тибқи он шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хизмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд. Инчунин, қонун маҷмӯи тадбирҳоро дар мавриди тартиби адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, зиёд намудани уҳдадориву ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар қайди ҳарбӣ ва даъват ба хизмати ҳарбиро танзим менамояд.

Дар баробари ин, Қонун аз ҷониби комиссарони ҳарбӣ гузаронидани чорабиниҳои омӯзиши пешаздаъватӣ, уҳдадории ҳатмии волидайни даъватшавандагон оид ба қабули даъватномаҳо, такмили низоми бақайдгирии ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шаҳрвандоне, ки аз рӯи зинаи таҳсилотии магистр таҳсил менамоянд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ба танзим даровардааст.

Инчунин бояд тазаккур дод, ки ин Қонун то андозае метавонад обу рӯ ва мартабаи ҳам хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳам рутбаҳои ҳарбиро миёни ҷомеа боло барад. Ба таври мисол рутбаи аввали афсари дар таҳрир нави Қонуни мавриди назар танҳо ба он шахсоне дода мешавад, ки ё муассисаҳои махсуси ҳарбиро хатм кардаанд, ё баъд аз курси пурраи тайёрии ҳарбиро дар кафедраи ҳарбии донишгоҳу доникадаҳо ба анҷом расонидан, як сол хизмати ҳарбӣ кунанд.

Шаҳрвандоне, ки дар сохторҳои низомӣ хоҳиши ба хизмати ҳарбӣ ҳамчун афсар дохил шуданро доранд, дар асоси моддаи 38 бояд ҳатман хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантон адо намуда бошанд (ба истиснои донишгоҳу донишкадаҳои ҳарбӣ). Инчунин минбаъд тибқи тағйироти ба қонунҳои амалкунандаи мақомотҳои судӣ, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук ва Хадамоти иҷро воридшуда, шаҳрвандон танҳо баъд аз адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ба кор қабул карда мешаванд.

Ғайр аз ин, барои хизмати алтернативӣ ё хизмат дар захираҳои даъвати сафарбарӣ низ қонун сабукиҳо пеш меорад. Дар асоси моддаи 37 ҳамаи шаҳрвандони аз 18 то 27-солае, ки қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.

Дар моддаи 37 аз ҷумла омадааст:

  1. Шаҳрванди қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надорад, метавонад ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсус хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намояд.
  2. Хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳа гузаронида мешавад. Шаҳрванд пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда намешавад.
  3. Шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, ба ҳайати эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ даъват карда мешаванд.
  4. Андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ин нукта ҳам ҷои гуфтан дорад, ки Қонуни нав ба як қатор шаҳрвандон барои аз хизмати ҳарбӣ озод гаштан имтиёзҳо додааст. Мувофиқи моддаи 30-и қонуни амалкунанда беморон, онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро адо кардаанд, хизмати ҳарбиро дар дигар давлатҳо адо кардаанд, бинобар содир намудани ҷиноят аз озодӣ маҳрум шудаанд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод ҳастанд. Инчунин, онҳое, ки аъзои оилаашон дар хизмати ҳарбӣ фавтидаанд, дар оила писар ё писархонди ягона мебошанд ва онҳое, ки дорои унвони номзади илм ё доктори илм мебошанд, ҳуқуқи аз даъват озод шуданро доранд.

Илова бар ин, асосҳои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро Қонун чунин муқаррар кардааст:

  1. Даъвати шањрвандон ба хизмати њарбї бо асосњои зерин ба таъхир гузошта мешавад:

1) муваќќатан ѓайриќобили хизмати њарбї дониста шудан бинобар вазъи саломатї – ба муњлати то 6 моњ;

2) нигоњубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эњтиёљдошта, ки тањти таъминоти пурраи давлат ќарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси ќонун уњдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ѓамхорї намуда, онњоро таъмин кунанд (ба кумак ва нигоњубини каси дигар эњтиёљдошта он аъзои оила њисобида мешаванд, ки ба синни нафаќа расидаанд ё маъюби гурўњи I ё II мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18 нарасидаанд);

3) тањсил дар муассисањои таълимии тањсилоти миёнаи умумї, ибтидої ва миёнаи касбї – то хатми муассисањои таълимии мазкур;

4) тарбияи кўдаки аз модар мањруммонда;

5) оѓоз карда шудани парвандаи љиноятї – то ќабули ќарори дахлдор;

6) адои љазои љиноятї дар намуди корњои њатмї, корњои ислоњї ва ё мањдуд кардани озодї.

  1. Ба ѓайр аз асосњои дар ќисми 1 моддаи мазкур зикргардида барои ба таъхир гузоштани муњлати даъват ба хизмати њарбї шањрвандони зерин њуќуќ доранд:

1) даъватшавандае, ки модараш ѓайр аз ў ду ва зиёда фарзанди ноболиѓ дошта, онњоро бе њамсар тарбия менамояд – то ба балоѓат расидани фарзанди (писари) дигар;

2) онњое, ки вакили Маљлиси мањаллии вакилони халќ интихоб шудаанд – дар давоми муњлати ваколат;

3) онњое, ки дар шуъбањои рўзонаи муассисањои таълимии тањсилоти олии касбї барои дарёфти тахассуси дараљаи бакалавр ва мутахассис бори аввал тањсил менамоянд – дар давраи тањсил;

4) омўзгороне, ки тањсилоти олии омўзгорї дошта, дар вазифаи омўзгори муассисањои таълимии тањсилоти умумии дењот кор мекунанд – дар давраи иљрои ин кор;

5) онњое, ки тањсилоти олии тиббї дошта, дар муассисањои таълимї ё тиббии дењот кор мекунанд – дар давраи иљрои ин кор;

6) онњое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

Дар баробари ин ҳама дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” барои мустаҳкам нигоҳ доштани оинномаву дигар санадҳои худ ва риояи талаботҳои ҳатмии ҳарбӣ чанд навовариҳо дар самти бақайдгирии ҳарбӣ ворид шудааст.

Муҳлати аз қайди ҳарбӣ баровардани шаҳрвандон дар қонуни қаблӣ дар ҳолати дар дохили ҷумҳурӣ иваз кардани ҷойи истиқомат зиёда аз 3 моҳ муқаррар шуда буд, ки дар қонуни амалкунанда он 7 рӯз муқаррар шудааст. Ҳамчунин, ҳангоми иваз намудани ҷойи истиқомат берун аз ҷумҳурӣ барои баровардан аз қайди ҳарбӣ дар қонуни қаблӣ 6 моҳ пешбинӣ шуда буд, дар қонуни амалкунанда 45 рӯз пешбинӣ шудааст.

Дар хотимаи ин матлаб ҳамин чизро ёдовар шудан ба маврид аст, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ воқеан мактаби мардонагӣ буда қарзи фарзандӣ дар назди Ватан-модар мебошад.

 

 

Судяи Суди Олии иқтисодии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         Муминзода Қ.

Напечатать страницу Напечатать страницу