Саволҳо
оиди гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Суди Олии иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон
- Доир ба моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, маълумот диҳед.
- Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳо ба он?
- Соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ нисбати давлат чиро инъикос менамояд?
- Ҳуқуқи сухан гуфтан аз номи халқи Тоҷикистон?
- Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад?
- Асоси иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва мавқеи моликияти хусусӣ?
- Ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
- Асоси гунаҳкор ҳисобидани шахс дар содир намудани ҷиноят?
- Ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ?
- Ҳизбҳои сиёсӣ ва принсипи иштироки онҳо дар идоракунии Тоҷикистон?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳизби сиёсӣ амал мекундад?
- Ҳолатҳои гирифтани молу мулки шахсӣ барои эҳтиёҷоти ҷамъият?
- Амалӣ намудани ҳокимияти иҷроия дар маҳал?
- Салоҳияти мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар маҳал?
- Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ?
- 16. Интихоби вакили Маҷлиси намояндагон?
- 17. Интихоби узви Маҷлиси миллӣ?
- 18. Пешниҳод ва интихоби Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ?
- 19. Мустақиман қабули қонунҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон?
- 20. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- 21. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ?
- 22. Низоми судӣ дар Тоҷикистон?
- 23. Интихоб ва таъини ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе?
- 24. Интихоб ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ?
- 25. Мўҳлати ваколати судяҳо?
- 26. Таъин ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Қўҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе?
- 27. Ҳайати Суди конститутсионӣ?
- 28. Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихобот?
- Салоҳияти Маҷлиси миллӣ?
- Салоҳияти Маҷлиси намояндагон?
- Рамзҳои давлатии Тоҷикистон?
- Таъин кардани раъйпурсӣ?
- Кафолати ҳифзи судӣ?
- Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки бо он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз мегардад?
- Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- Эълон намудани вазъияти фавқуллода?
- Дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон?
- Дахлнопазирии манзили шахс?
- Ҳуқуқи шаҳрванд ба меҳнат?
- Ҳуқуқи шаҳрванд ба ҳифзи саломатӣ?
- Ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ?
- Ҳокимияти давлатӣ ва таҷзия он?
- Амали қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст?
- Намудҳои моликияти истисноии давлат?
- Ҳуқуқи шаҳрванд оид ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ?
- Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун?
- 47. Муносибати давлат бо оила?
- Ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил?
- Ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат?
- Маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон?
- Қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ?
- Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
- Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд?
- Вазифаҳои ҳокимияти судӣ?
- 55. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ?
- 56. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ) ?
- 57. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ ?
- 58. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд?
- 59. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданӣ?
- 60. Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ?
- 61. Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд?
- 62. Намояндагӣ дар суд?
- 63. Мўҳлати амали ваколатнома?
- 64. Мафҳуми ҳуқуқи моликият?
- 65. Шаклҳои моликият?
- 66. Эмансипатсия ?
- 67. Мафҳуми шартнома?
- 68. Навъҳои аҳдро номбар кунед?
- 69. Субъектҳои ҳуқуқи моликият?
- 70. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ?
- 71. Санадҳои судии суди иқтисодӣ?
- 72. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогиро тибқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- 73. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд?
- 74. Муҳлати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ?
- 75. Асос барои мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда?
- 76. Протоколи маҷлиси судӣ ва муҳлати тартиб додани он?
- Тартибот дар маҷлиси судии суди иқтисодӣ?
- 78. Асосҳои беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ?
- Коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ?
- Вазифаҳои асосии корманд дар муносибатхои мехнатӣ?
- 81. Мафҳуми корфармо дар муносибатхои мехнатӣ?
- 82. Асосҳо барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ?
- 83. Қабули Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳарвандӣ ва сиёсӣ ва эътирофи он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
84.Таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва аъзои он?
- 85. Мақсади таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид?
- 86. Ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- 87. Арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- 88. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016 ва мақсади қабули он?
- 89. Намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлати баррасии муроҷиатҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016 ?
- 90. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №372 аз 20 марти соли 2008?
- 91. Сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?
- 92. Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон?
- 93. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565, аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст?
- 94. Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон?
- 95. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст?
- 96. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар?
- 97. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ?
- 98. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ?
- Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 аз 3 декабри соли 2015 қабул гардидааст?
- Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ?
