Мизи мудаввар ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 ноябри соли 2022, дар суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва  кормандони судҳои иқтисодӣ бахшида ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш  баргузоро гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Қайд гардид, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси Ватанро мебояд бо ҳисси баланди ифтихор арзишҳои муқаддаси кишвари сулҳу амонидоштаро пос дошта ва зери ливои Ватан шукргузорӣ намояд.

Дар идома, доир ба таърихи парчамдори ва ливодории хатчи тоҷик ёдовар шуда зикр гардид, ки чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик ва корномаи Коваи диловар рафт, ба хотир шоҳасари ҷаҳонии Фирдавсӣ «Шоҳнома» – и безавол меояд, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагӣ буда, аз муборизаи қаҳрамонони миллии халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Дар идома доир ба таърих, ва қабул гардидани парчами давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон суханрони карда шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.

Зикр гардид, ки эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик дар пайравӣ аз сиёсати оқилона, созандаву бунёдкрона ва сулҳовару инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар гардида, минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд, бо муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбубу халқи азизамон баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар мекунем.

Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиши имрӯза иштирокчиён дар мавзӯҳои гуногун баромад намуда,  доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу