Парчами миллӣ рамзи давлатдорист – Ҳалимзода Қувва, ёрдамчии Раиси СОИ ҶТ

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдодии ориёитаборамон аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад”.

Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Нақши парчам аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам дар тӯли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, он дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст.

Моҳи ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати тоҷикон таҳрезӣ гардид, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон – Парчам қабул карда шуд, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст ва бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфтааст, ки тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.

Имсол аз рӯзи қабули Парчами давлатӣ сӣ сол сипарӣ гардида, ин санаи фархунда ба ҷашни барои халқу мамлакат таърихии 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рост омад, ки беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мегардад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд.

Моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».

Инчунин, бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №892 санаи 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ шудааст.

Дар оғози ин Низомнома омадааст ки: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтаанд, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.

Ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам – ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора – ин ҳафт иқлим, ҳафт ситора, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст.

Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Парчами миллӣ ин рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

 

ёрдамчии Раиси Суди Олии иқтисодӣ           

Ҳалимзода Қ.М.

Напечатать страницу Напечатать страницу