Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин бозиҳои осиёӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сарони давлатҳо аз вазъи ҳамкориҳои байнидавлатии дуҷониба ва бисерҷониба натиҷагирӣ карда, барои ба сатҳу сифати беҳтар расондани он омодагию ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Мулоқоти роҳбарони се давлат дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфахмии комил доир гардид.

Чи  тавре, ки дар сомонаи Asia-Plus омадаст, субҳи им руз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашхобод ба шаҳри Ню-Йорк барои иштирок дар кори 72-юмин асанблеяи генералии СММ сафар карданд.

Ҷаласаи солонаи мақоми Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк 12-уми сентябр кушода шуд. Мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ 19 сентябр оғоз меёбад.

Дар шаҳри Ню-Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Асамблеяи генералии СММ баромад намуда якчанд вохуроҳои дуҷонибаро анҷом медиҳанд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу